ИНТИЗОМИ ҚАВӢ–МАҲАКИ НЕРУМАНДӢ. Ин таъкиди Президенти Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини бунёди давлат дастури хидматӣ барои ҳар хизматчии ҳарбӣ гардид

Февраль 23, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Бе интизоми қавӣ бунёди артиши қобили кору ҳарб ва арзандаи эҳтиром аз имкон берун аст». Дарвоқеъ, ин таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини бунёди давлати навин дастури хидматӣ барои ҳар як хизматчии ҳарбист.

Ҳамагон ин воқеиятро хуб дарк мекунанд, вале дар амал татбиқ намудани он, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар солҳои баъди муноқишаҳои дохилӣ заҳмати ҷонкоҳи шабонарӯзӣ талаб мекард.

Агар нигоҳе ба гузаштаи начандон дури таърихи давлати ҷавони худ – ба солҳои 1992-1997 андохта, ба хотир орем, ки чӣ авзое дар мамлакат ҳукмфармо буд, пас дарк хоҳем кард, ки дар ин муддати кӯтоҳ фарзанди содиқи Ватан, Сарвари хирадманду доно, сиёсатмадори борикбину нуктасанҷ, дурандешу ояндасоз ва ғамхору дилсӯзи давлату миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд моро аз вартаи фано наҷот диҳанд.

Душманони миллати куҳанбунёд ва давлати ҷавони Тоҷикистон дар мамлакат тухми кинаю адоват кошта, ҳисси бадбинию нобовариро байни афроди як халқу миллат, аҳли як деҳа ва ё як оила чунон мустаҳкам ҷой карданд, ки ҳамагон аз ояндаи неки давлат ва зиндагии осоиштаи худ умед канда буданд.

Аҳолӣ барои наҷоти хонадон ва аҳли байти худ мекӯшид силоҳ ба даст гирад ва ё зери қаноти гурӯҳ ё шахси силоҳдоре худро паноҳанда созад ё бо навмедӣ тарки хонаю Ватан кунад.

Ин воқеияти талх боис гашта буд, ки ҳазорон силоҳу аслиҳа ва даҳҳо техникаи вазнини ҷангӣ ғайриқонунӣ ба дасти шахсони бесалоҳияту тасодуфӣ ва афроди ҷиноятпешаю хатарнок афтанд.

Сари мизи музокирот шинондани тарафҳои муқобил, мубориза бо гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ҷамъоварии  аслиҳаи ғайриқонунӣ тақсимшуда, ба ҳаёти осоиштаю бунёдкорӣ равона кардани мардум ва талқин намудани ҳисси боварию эътимод ба фардои нек- ҳамаи ин аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки таҳти сарварии бевосита, ғамхорию дилсӯзии беназир ва шабзиндадориҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вақту замон ва бо печидагию бастагии зич амалӣ мегаштанд.

Соли 1994 баъди нахустин бор ба мақоми Президенти Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин фармонҳои Роҳбари давлат «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира кардани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки таҳти рақами 2 аз 2 декабри соли 1994 ба имзо расид[1]. Соли 1995 бо ташаббус ва талаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 1996-1997» қабул карда шуд[2]. Дар он рӯзҳои пурдаҳшат то андозае амалӣ гаштани ин санадҳо дар ин ҷода қадами намоён буд.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ва ба сафҳои неруҳои ҳукуматӣ шомил гаштани размандагони собиқ иттиҳоди мухолифини тоҷик ба раванди барқарорсозии қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун такони ҷиддӣ бахшид, вале боз ҳам барои амалӣ намудани ин ҳадафҳои воло Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро лозим омад, ки якчанд тадбирҳои қатъию таъхирнопазир андешанд, зеро ки вазъияти онвақта ҳаминро талаб мекард.

Содир гаштани ҷиноятҳои вазнин, ба мисли амалҳои террору зӯроварӣ, суиқасд ба ҷони одамон, кушторҳои гурӯҳӣ, гаравгонгирӣ, роҳзанӣ, тамаъҷӯӣ ва дигар кирдорҳои даҳшатовар, ки аксаран бо истифода аз силоҳи оташфишон сурат мегирифтанд, аз солҳои муноқишаҳои дохилӣ оғоз ёфта, ҳанӯз идома доштанд. Кор ба ҷое расида буд, ки мардум либоси ҳарбипӯшонро, аксаран на муҳофизони худ, балки афроди ҷинояткору бадкирдор тасаввур мекарданд. Хизматчиёни ҳарбии содиқу вафодор ва муҳофизони воқеии давлату миллат, ки дар байни низомиён аксарияти куллро ташкил медоданд, бо ҷурми афроди алоҳидаи ҷиноятпеша ва тасодуфӣ, ки ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳ ёфта буданд, албатта, аз чунин муносибати мардум эҳсоси нороҳатӣ мекарданд.

24 июли соли 1998 таҳти рақами 1028 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр гардид, ки ҳар нафари он солҳо дар хизмати ҳарбибуда ва ҳамаи алоқамандони сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онро хуб медонанд[3].

Бо назардошти он ки дар кӯчаю хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ хизматчиёни низомӣ бо силоҳу техникаи ҳарбӣ гаштугузор карда, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти мардумро халалдор намуда, мунтазам ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин содир менамуданд, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2000, таҳти № 295, 296 «Дар бораи қатъиян манъ намудани баромадани хизматчиёни ҳарбӣ аз ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ бо силоҳ ва техникаи ҳарбӣ» ва «Дар бораи барҳам додани хизмати ҳарбӣ дар асоси қарордод дар Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расиданд[4].

Маҳз қабул ва амалӣ шудани талаботи фармонҳои номбурда дар бақарор намудани низоми қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷомеа нақши муҳим бозид. Дар натиҷа силоҳу техникаи ҳарбӣ ба ҷузъу томҳои сохторҳои низомӣ баргардонида шуда, зина ба зина вазъи ҷамъиятию сиёсии мамлакат муътадил гардид ва ба густариши фаъолияти мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои давлатӣ заминаи мусоид фароҳам омад.

Ҷойи таъкид аст, ки дар ҳалли ин мушкилиҳо кормандони мақомоти прокуратура, махсусан мақомоти прокуратураи ҳарбӣ дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми бевосита гузошта, назорати прокурориро бо реҷаи шабонарӯзӣ таъмин намуданд.

Бо мақсади амалӣ кардани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарпрокурори ҳарбӣ ворид карда шуд.

Аввалин санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба ташкилёбии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳуқуқӣ гузошта, фаъолияти онро ба таври расмӣ ба танзим даровард, ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1995 “Дар бораи сохтори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки Сарпрокуратураи ҳарбӣ ҳамчун сохтори мустақили он тасдиқ ва ба кор шурӯъ кард. Дар солҳои минбаъда бо мақсади такмил додани сохтори идоракунии прокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Суғд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва Рашт таъсис дода шуд.

Мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ягона мақомоти давлатие ба шумор меравад, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар Артиши миллӣ таъмин намуда, барои таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо ваколатдор мебошад.

Дар аввалин рӯзҳои ташкилёбӣ ҳайати шахсии Артиши миллӣ асосан аз хизматчиёни ҳарбии ғайрикасбӣ, аъзои Ҷабҳаи халқӣ иборат буд ва баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчунин қисме аз размандагони мухолифи сохти конститутсионӣ ба сохторҳои ҳарбӣ шомил шуданд. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани назорати прокурорӣ  ҷиҳати таъмини волоияти қонун дар Қувваҳои Мусаллаҳ масъулияти хеле баланд талаб мекард.

Кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат нақши босазо дошта, дар ҳайати гурӯҳҳои тафтишотӣ-фаврӣ дар тафтиши парвандаҳои ҷиноятии вазнин ва махсусан вазнин (мураккаб ва бисёрлаҳзаи дорои аҳамияти муҳими ҷамъиятӣ-сиёсӣ) иштирок кардаанд.

Махсусан муфаттишони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ тафтиши парвандаҳои ҷиноятиро нисбат ба полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев ва ҳамсафонаш солҳои 1997, 1998, роҳбарон ва аъзои дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор Раҳмон (Гитлер) Сангинов, Мансур Муаккалов ва дигарон дар соли 2001, собиқ фармондеҳи Гвардияи президентӣ, генерал-лейтенант Ғаффор Мирзоев ва ҳаммаслаконаш дар соли 2004, собиқ Вазири ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, генерал-лейтенант Мирзо Зиёев ва пайравонаш дар соли 2009, гурӯҳҳои ҷинояткор таҳти роҳбарии Аловиддин Давлатов, Абдулло (Муллоабдулло) Раҳимов ва дигарон дар соли 2010 таъмин намуданд.

Соли 2015 тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба иттиҳоди ҷиноятии террористӣ-экстремистии Муҳиддин Кабирӣ, Абдуҳалим Назарзода ва 202 нафар ҳаммаслакони онҳоро дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба итмом расонида, бо ҳукмҳои судӣ 9 нафар роҳбарон ва аъзои фаъоли иттиҳоди ҷиноятӣ ба ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ ва 164 нафари боқимонда ба ҷазои аз 6 моҳ то 30 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шуданд.

Дар ҷараёни тафтишот аз 660 мил силоҳ ва 64445 адад тирҳои аз анборҳои Вазорати мудофиа ва қисмҳои ҳарбии он тасарруфнамудаи аъзои иттиҳоди ҷиноятии террористӣ-экстремистии Муҳиддин Кабирӣ ва Абдуҳалим Назарзода 646 мил силоҳ ва 53497 адад тир ёфта, ҳамзамон бо тадбирҳои андешидаи тафтишотию фаврӣ 59 мил силоҳ ва 4942 дона тир ва 31 дона норинҷакҳои дар қайднабуда дарёфт ва гирифта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати фидокоронаи кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбиро ба инобат гирифта, 2 нафарро бо ордени «Спитамен», 4 нафарро бо ордени «Шараф», 1 нафарро бо медали «Хизмати шоиста», 14 нафарро бо медали «Ҷасорат», 4 нафарро бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 7 каси дигарро бо рутбаи олии ҳарбӣ сарфароз гардониданд.

Ҳамчунин бо мақсади пурзӯр намудани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, оинномаҳои ҳарбӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ воҳидҳои кории мақомоти прокуратураи ҳарбӣ аз 8 нафари соли 1993, дар соли 2021 то 138 нафар зиёд карда шуд.

Минбаъд ҷамъомадҳои умумиҷумҳуриявие, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 майи соли 2002 ва 24 декабри соли 2004 бо намояндагони тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот доир намуданд, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар заминаи супоришҳои Сарвари давлат нашр гардиданд ва бисёр мулоқоту чорабиниҳои дигари фаврию нақшавӣ боис гаштанд, ки фазои сулҳу осоиш, амнияти воқеии шаҳрвандон ва шароити фаъолияти бемамониат дар қаламрави ҷумҳурӣ барқарор гардад.

Дар натиҷаи амалӣ гаштани дастуру супоришҳои қатъии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоти 9 феврали соли 1999 то вохӯрии 31 майи соли 2002  105 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 900 ҷинояти вазнин содир намуда буданд, ошкор ва безарар гардонда шуданд.

Дар натиҷаи фаъолияти самарабахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ давоми солҳои 1999-2004 аз аҳолӣ, хусусан аз дасти гурӯҳҳои ҷинояткор дар маҷмӯъ 13 ҳазор силоҳи гуногунтамғаи оташфишон, моддаҳои тарканда ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Танҳо моҳи сентябри соли 2004 дар ноҳияи Тоҷикобод аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи Ёрибек Иброҳимов (Шайх) 35 адад автомату пулемёт, 5 тӯпи худсохт, 6 гранатомёт бо 93 дона тир, 144 ракетаву снаряд ва минаҳои гуногуни истеҳсоли хориҷӣ, як килограмм маводи тарканда, 34 детонатор, 4100 дона тирҳои гуногун, 2 дастгоҳи пуриқтидори алоқа, 28 адад тирдонҳои гуногун ва дигар лавозимоти ҳарбӣ ошкор ва гирифта шуданд.

Тавассути андешидани тадбирҳои саривақтӣ, кӯшишу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин фаъолияти кормандони бонангу номус ва ҷасури мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ унсурҳои ҷиноятие, ки ба суботи ҳаёти ҷомеа ва давлат хатар доштанд, бартараф карда шуданд.

Аз таҳлили нишондиҳандаҳои солҳои 1999-2004 бармеояд, ки дар Тоҷикистон шумораи умумии ҷинояткорӣ 30,4 фоиз кам шуда, танҳо дар давраи соли 2003 миқдори ҷиноятҳои бо истифода аз силоҳ содиргардида 40 фоиз ва ҷиноятҳои муташаккил 67 фоиз коҳиш ёфт. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳолати риояи қонуният, тартибу интизом дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот нисбат ба соли 1999 ба таври куллӣ тағйир ёфт ва мардум имконияти мусоид пайдо намуд, ки дар шароити орому осуда пайи кору зиндагии созанда гардад.

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА

 

[1] Шарипов А., Фаттоев С. Эмомалӣ Раҳмонов – наҷотбахши миллат (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1992 – 1995). Китоби 1. – Душанбе: «Деваштич», 2006. – С. 204

[2] Ҳамон ҷо, — С. 274

[3] Шарипов А., Фаттоев С. Эмомалӣ Раҳмонов – поягузори Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1996 – 1999). Китоби 2. – Душанбе: «Деваштич», 2006. – С. 232

[4] Шарипов А., Фаттоев С. Эмомалӣ Раҳмонов: Оғози марҳалаи созандагӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 2000–2003).–Китоби 3.– Душанбе: «Деваштич», 2006. – С. 35

Февраль 23, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд