IRS ХАБАР МЕДИҲАД. Дар километрҳои аз 52 то 73-юми роҳи Душанбе-Чаноқ 45 тармаи хурду бузург фаромад

Февраль 2, 2023 13:19

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 1 феврал дар километрҳои аз 52 то 73-юми роҳи Душанбе — Чаноқ 45 тармаи хурду бузург фаромад, ки дар натиҷа ҳаракати тамоми намуди нақлиёт қатъиян манъ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта шуд, ки аз субҳи барвақт кормандони ширкати мазкур барои бартараф намудани пайомадҳои бориши барф ва тармафароӣ корро оғоз намуданд. Инчунин миқдори зарурии техника низ ба ин кор сафарбар гардидааст.

«Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки бидуни омодагӣ ба роҳ набароянд ва ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд»,-тазаккур доданд дар ширкат.

Бино ба пешгӯии Агенти обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар баъзе минтақаҳои мамлакат то 4 феврал ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ

Февраль 2, 2023 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид