КОДЕКСИ МАДАНӢ (ШАҲРВАНДӢ)-И ТОҶИКИСТОН. Ин санад аз 1 июли соли 2023 мавриди амал қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 07.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз якуми июли соли 2023 Кодекси маданӣ (шаҳрвандӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор мегирад. Он самтҳои асосӣ ва вазифаҳоро дар соҳаи қонунгузории шаҳрвандӣ муқаррар намуда, муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ, инчунин тартиби амалӣ намудани муносибатҳои молумулкӣ, ҳуқуқи молумулки зеҳнӣ, муносибатҳои корпоративӣ, шартномавӣ ва дигар уҳдадориҳоро танзим менамояд. Хусусан, дар бораи идораи замин кодекси нав ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хоҷагиҳои деҳқониро муқаррар намуда, тартиби бақайдгирии заминро сода мегардонад.
Ин матлабро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода 3 феврали соли равон зимни муаррифии Кодекси маданӣ, ки онро Маҷлиси намояндагон бо масъулини мақомоти дахлдори давлатӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор намуд, баён дошт.
Зариф Ализода тақвият дод, ки кодекси нав бо назардошти талаботи муосир ва воқеияти имрӯза таҳия гардида, марҳилаи навбатии рушди танзими ҳуқуқии муносибатҳои маданиро инъикос мекунад.
Дар муарифии Кодекси маданӣ Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дар мавзӯи «Нақши Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи муносибатҳои маданӣ ва иқтисодӣ» маърӯза намуда, яке аз масъалаҳои калидӣ- ивази истилоҳи «гражданӣ»-ро ба истилоҳи «маданӣ» шарҳ дод.
Бино ба гуфти ӯ, аз 80 давлати дунё, ки амалияи он ба назар гирифта шудааст, дар 50 давлат вожаи аслии баромади он «civil», «цивиль» (ба маъноҳои «шаҳрвандӣ» ва «маданӣ»), дар 20 кишвари дигар калимаҳои мазмунан наздик ба он истифода мегарданд. Масалан, дар Узбекистон истилоҳи «фуқаро», Туркманистон — «раият», Озарбойҷон — «мулк» ва Қазоқистон истилоҳи «азамат» истифода шуда, дар Афғонистон, Туркия, Урдун, Эрон ва дигар давлатҳо калимаи «маданӣ» истифода мегардад.
Вожаи «маданӣ» ифодагари моҳияти муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии субъектҳои ҳуқуқи маданӣ (гражданӣ) мебошад, ки кодекси мазкур ба танзим медарорад.
Дар ҷамъомад муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, ки роҳбари Гурӯҳи кории Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи Кодекси маданӣ буд, зарурати таҳия ва қабули онро шарҳ дод.
«31 январи соли 2022 лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Лоиҳаи кодекси мавриди назар иборат аз 8 фасл, 72 боб ва 1351 модда таҳия гардид, ки он калонҳаҷм буда, муносибатҳои нави маданиро танзим, падида ва муқаррароти зиёди муосирро дар таҳрири нав пешбинӣ намуд», -тазаккур дод Маҳмадалӣ Ватанзода.
Иттилоъ дода шуд, ки 26- уми апрели соли 2013 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ дар таҳрири нав таҳия ва қабул намудани Кодекси гражданӣ таъкид шуда буд.
Аз соли 2013 бо мақсади иҷрои супориши Сарвари давлат гурӯҳҳои кории гуногун таъсис дода шуда, якчанд лоиҳа таҳия гардид. Дар ин замина амалияи беҳтарини танзими муносибатҳои маданӣ ва иқтисодии муосир таҳлил карда шуд. Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 — юми апрели соли 2019 гурӯҳи кории нав таъсис дода шуд, ки кори бисёрсоларо вобаста ба таҳияи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуд.
Ниҳоят Кодекси мазкур 23-юми ноябри соли 2022 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 16-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ шуд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»