Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: ба масоҳати умумии беш аз 1,7 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд

Февраль 8, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 08.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 1 миллиону 701 ҳазору 500 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба доираи васеи рӯзноманигорон хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита- ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Дар айни замон аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаи генералии 65 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, мавриди амал қарор доранд.

Дар робита ба татбиқи лоиҳаи сохтмони биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта Раиси Кумита иброз намуд, ки дар ин самт Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор чораҷӯӣ намуда истодааст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда идома доранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд