Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар Туркия боз як нафарро наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Як ҳафта пас аз заминларзаи шадид дар Туркия ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар шуд, ки бори дувум аз зери харобаҳои як бинои бисёрошёнаи харобшуда одамони зиндаро пайдо ва берун оранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.
Ба наҷотдиҳандагони Кумита 12 феврал пас аз соатҳои тӯлонии корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар мавзеи Оникисуботи шаҳри Қаҳрамонмараш бо истифода аз таҷҳизоти махсус муяссар гардид, ки кӯдаки сесоларо бо номи Явуз пайдо ва наҷот диҳанд.
Ба иттилои манбаъ вай, 158 соат дар зери харобаҳо будааст. Наҷотдиҳандагон ба хотири натарсонидани кӯдак таҷҳизотро хомӯш карда, ба сӯи ӯ хазида рафтанд. Одамони назди харобазор кӯдакро бо хурсандӣ пешвоз гирифта, дар зери чапакзании пурмавҷ ӯро ба мошини ёрии таъҷилӣ гусел карданд.
Мутаассифона, дар ҷараёни корҳои наҷотбахшӣ наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади 78 нафар ҳалокшудагонро берун оварданд. Корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






