Наҷотдиҳандагони тоҷик дар Қаҳрамонмараши Туркия дар маҷмӯъ 109 ҷасадро берун оварданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи корҳои наҷот дар вилояти аз офати табиӣ зарардидаи Қаҳрамонмараш фаъолияти худро идома медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Дар маҳаллаҳои таърихии маркази Қаҳрамонмараш воқеан ягон бинои обод боқӣ намондааст. Ба наҷотдиҳандагони Кумита муяссар шуд, ки дар ин ҷо се нафар (ду нафараш тифл)-ро бо ёрии асбобу таҷҳизот зинда пайдо карда, берун оваранд.
«Шабонарӯзи гузашта тайи 18 соати корӣ дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳо 31 ҷасадро ёфта, берун оварданд. Аз оғози корҳо ба наҷотдиҳандагони мо муяссар гардид, ки 109 ҷасадро аз зери тӯдаи оҳану бетон пайдо карда, берун оранд»,-гуфта мешавад дар иттилоия.

Бояд гуфт, ки наҷотдиҳандагон дар шароити хеле душвор кор мекунанд. Бо ёрии таҷҳизоти иктишофӣ ҷои зиндамондагонро ёфта, аз зери харобаҳо баровардан мумкин аст.
Илова бар ин, наҷотдиҳандагони тоҷик ба зарардидагон ёрии аввалин низ мерасонанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ










Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






