Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон аз Туркия ба Душанбе баргаштанд
ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имшаб, соати 01:00-и 23 феврал Гурӯҳи панҷоҳнафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилоятҳои аз заминларза зарардидаи Туркия фаъолият мекарданд, ба Ватан баргаштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
22 феврал наҷотдиҳандагони тоҷик вориди Истанбул шуданд, ки онҳоро дар фурудгоҳ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Туркия, намояндагони департаменти наҷоти Туркия ва дигар шахсони расмӣ қадрдонӣ карданд.
Сардори гурӯҳи наҷотдиҳӣ Сулаймон Исозода дар Китоби меҳмонони фахрӣ навиштаҷот гузошт. Кормандони фурудгоҳ ва ҳамаи ҳозирин наҷотдиҳандагони моро бо кафкўбӣ ва изҳори сипос гусел карданд. Вазорати корҳои хориҷии Туркия ба наҷотдиҳандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, ба Ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон барои кумаку дастгирӣ изҳори сипос намуд.


Ёдовар мешавем, ки наҷотдиҳандагони тоҷик аз 10 феврал дар қаламрави Туркия ба корҳои ҷустуҷӯиву наҷот оғоз карда буданд. Дар ин муддат аз зери харобаҳову вайронаҳо 217 ҷасади ҳалокшудагони ин заминларзаи мудҳишро берун оварда, ба мақомоти дахлдори Туркия супурданд.
Се нафарро аз зери биноҳои харобу валангор зинда пайдо карданд, ки ду нафари онҳо тифлони аз 3 то шашмоҳа буданд.
София ШОИК,
Тоҳирҷон САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»










Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






