Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия ба корҳои наҷотдиҳӣ шурӯъ карданд
ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Субҳи барвақти 10 феврал наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии зарардидагони заминларзаи шадид оғоз намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
«Дар айни ҳол 40 нафар наҷотдиҳандагон ба таҳқиқ ва бартарафсозии харобаҳои биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот машғул мебошанд. Наҷотдиҳандагони тоҷик барои анҷом додани рисолати касбии худ бо масъулияти баланд дар иҷрои кор мебошанд, зеро дар шароити чунин фалокати табии барои наҷот додан ва кумак расондан ба зарардидагон ҳар лаҳза нақши бузург мегузорад. Онҳо барои корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар зери харобаҳо аз воситаҳои махсуси техникӣ истифода мебаранд»,-хабар медиҳад манбаъ.
Ҳамзамон гурӯҳи дигари наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ғозиёнтеппа, воқеъ дар ҷануби ин мамлакат ба кор шурӯъ кардаанд.

Бояд гуфт, ки Ғозиёнтеппа беш аз ду миллион аҳолӣ дошта, шашумин шаҳри калонтарини Туркия ба ҳисоб меравад. Дар ин шаҳр оқибатҳои фоҷеабори зилзилаи шадид ниҳоят зиёд мебошад . Наҷотдиҳандагони Кумита баробари расидан ба шаҳр фавран ба кор оғоз карданд. Қарор аст дастаи наҷотдиҳандагон дар ин ҷо фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда, дар ҷустуҷӯю наҷоти одамон дар вайронаҳову бартараф намудани пайомадҳои ин офати мудҳиш саҳм гузоранд.
Ногуфта намонад, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин аввалин бор аст, ки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар гузаронидани амалиёти наҷотдиҳӣ дар хориҷи мамлакат иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи наҷотдиҳандагон аз 50 нафар иборат буда, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расонидани кумаки амалӣ ба мардуми офатзадаи Туркия фиристода шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Туркия кумаки башардӯстона фиристода шуд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид






