НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Душанбе 71 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд карда мешаванд

Февраль 17, 2023 13:23

ДУШАНБЕ, 17.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат дар шаҳри Душанбе бунёди 71 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора ба ҳолати 1 январи соли равон 17 корхона ба истифода дода шуд. Ин матлабро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

Гуфта шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи коркард, аз ҷумла, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарм, маснуот аз чарм ва пойафзол 102,5 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ 2,6 маротиба, металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 1,8 маротиба, таҷҳизоти барқӣ 1,9 маротиба ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 141,1 фоиз афзоиш ёфтааст.

«Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, инчунин дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026 бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаҳои муосири истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб, асфалт, сангмайдакунӣ, бетон ва қолинбофӣ оғоз бахшида шуд» ,-иброз гардид дар нишаст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2023 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд