ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ВАРЗИШГАРОН. Имсол маблағи умумии он 568 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе 35 нафар мураббиёну варзишгарони муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2022 ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил гардидаанд, бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ғолибони озмун барои ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин васоити ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгар- навраси умедбахш» дар соли 2022 муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.
«Дар заминаи сиёсати варзишпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат соли шашум аст, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалалии варзишӣ бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд»,-гуфт Муҳаммадтолиб Шокирзода.
Мавсуф иброз дошт, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии варзишгарон бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 9 январи соли 2015 Фармон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба имзо расида, шумораи ҷоизадорон дар соли аввал бисту як нафарро ташкил дод. «Мояи ифтихор аст, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ба рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи варзишгарон эътибори махсус дода шуда, ҷиҳати пешрафти соҳаи варзиш шароити хуб муҳайё гардида истодааст. Ҷоизаи мазкур низ қобили дастгирӣ буда, шумораи гирандагони он сол аз сол зиёд мегардад», -иброз дошт ӯ.
Хотиррасон мешавем, ки Ҷоизаи мазкур аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида, 568 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар варзишгар ва мураббиёни онҳо аз 6250 то 50 000 сомонӣ аст.
Барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан онҳое мебошанд, ки дар риштаҳои бокс, гӯштини дзюдо, юнонӣ-румӣ, тарзи озод ва таэквондо ВТФ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби медали тилло ва ҷойҳои намоён гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон варзишгарони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон имконияти иштирок дар садҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ, инчунин бозиҳои олимпиро пайдо намуданд.
Варзишгарони тоҷик сол аз сол ба натиҷаҳои назарраси варзишӣ ноил гашта истодаанд. Давоми соли 2022 аз ҷумла 650 варзишгар, аз ин шумора 34 варзишгарзани аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар 64 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа ба хазинаи варзишии мамлакат 548 медал, аз ҷумла 150 тилло, 162 нуқра ва 236 биринҷӣ ворид намуданд. Натиҷаҳои бадастовардаи варзишгарон нисбат ба соли 2021 150 медал зиёд (47 тилло зиёд, 41 нуқра зиёд ва 62 биринҷӣ зиёд) мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз гардид, ки «маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад».
Ба таъкиди Сарвари давлат, соҳаи ҷавонон ва варзиши мамлакат ҳамеша дар мадди назари Ҳукумат қарор дошта, «ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ давлати ҷавонон аст».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






