«ОМӮЗГОРИ БЕҲТАРИН — 2023». Низомиддин Ҷумъаев дар озмуни байналмилалӣ ғолиб дониста шуд

Февраль 21, 2023 13:25

ДУШАНБЕ, 21.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муаллими  Муассисаи давлатии таълимии «Литсей №2 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе Низомиддин Ҷумъаев дар Озмуни 4-уми байналмилалии «Маҳорати касбӣ» байни довталабони 26 давлати дунё аз рӯйи номинатсияи «Омӯзгори беҳтарин-2023» иштирок намуда, сазовори ҷойи якум ва Дипломи дараҷаи 1 шуд, хабар доданд дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Озмун тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) бо ташаббуси Федератсияи Русия баргузор гардида, аз рӯи номинатсияҳои «Омӯзгори беҳтарин — 2023», «Роҳбари беҳтарин — 2023», «Методисти беҳтарин — 2023», «Омӯзгор-ташкилотчӣ — 2023», «Беҳтарин коллективи омӯзгорон — 2023» «Мутахассиси ҷавон — 2023» баргузор карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории озмун рушди қобилияти эҷодии омӯзгорон, такмили маҳорати касбӣ ва хоҳиши ба даст овардани натиҷаҳои баланд дар таълим, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам, дастгирии истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти касбӣ, ошкор намудани омӯзгорони болаёқат, дастгирӣ ва хавасманд гардонидани онҳо мебошад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Февраль 21, 2023 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид