ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯ-2023. Шаш дастаи иштирокчии қисми ниҳоии он муайян гардиданд

Февраль 3, 2023 19:49

ДУШАНБЕ, 03.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 дар минтақаи Душанбе ба анҷом расид. Аз рӯйи натиҷагирии он дастаҳои «Регар-ТадАЗ», «Равшан» (гурӯҳи «А») КМВА ва «Душанбе» (гурӯҳи «В») ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаи «Истаравшан» ғолиби марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2023 дар вилояти Суғд гардид. «Парвоз» роҳхати дуюмро аз ин минтақа соҳиб шуд.

Иштирокчиёни марҳилаи ниҳоии Ҷоми федератсия аз вилояти Хатлон 10 феврал муайян карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон имсол 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад. Барандагони медалҳои нуқра 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 3, 2023 19:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад