«ҶОМИ РУШД-2023». Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозиро бо Русия мусовӣ кард
ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар оғози Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» бо ҳамсолони худ аз Русия рақобат кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати тими миллии мо Раббонӣ Камолов гол зад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ 7 феврал наврасони мо бо дастаи Беларус (U-16) бозӣ мекунанд. Ин дидор дар толори футболи Минск баргузор шуда, соати 17:40 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» дар Минск
Гурӯҳи «В». Даври 1
Русия (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-17) – 1:1
Голҳо: Виктор Окишор, 26 (1:0). Раббонӣ Камолов, 51 (1:1).
5 феврал. Минск.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






