«ҶОМИ РУШД-2023». Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) сазовори медали биринҷӣ гардид

Февраль 13, 2023 11:23

ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Минск гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Русия бо ҳисоби калон- 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро ба дарвозаи ҳариф  Абубакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров  заданд.

Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт «Ҷоми рушд-2023»-ро ҷамъбаст карда, бозиро  бо тимҳои миллии Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ намуда, бар дастаи Эрон (3:1) пирӯз шуданд.

Бозӣ барои ҷойи сеюм

ТОҶИКИСТОН (U-17) – Русия (U-16) – 3:0

Голҳо: Абубакр Сулаймонов, 42 (1:0). Ориёнмеҳри Нуриддин, 72 (2:0). Масрур Ғафуров, 79 (3:0).

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикисон

Февраль 13, 2023 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад