«ҲОМИЁНИ ВАТАН». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ доир гардид
БОХТАР, 23.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти унвони «Ҳомиёни Ватан» барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Роҳбарияти донишгоҳ иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан мубаддал гаштааст.
Таъкид гардид, ки имрӯз Артиши миллӣ таъминкунандаи амнияти ҳар сокини ҷумҳурӣ буда, фаъолияти ниҳодҳои кудратӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷамъомад намоиши машқҳои элементӣ, шеърҳо дар иҷрои хонандагони литсей ва донишҷӯёни донишгоҳ, намоиши ҷанги тан ба тан, арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ бо маҳорати баланд пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






