Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи стратегии миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат мебошад

Февраль 12, 2023 09:39

ДУШАНБЕ, 12.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷанбаҳои асосиву муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки фарогири бахши иқтисоди миллӣ буданд, бешубҳа, барномаи стратегии миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат мебошанд. Дар натиҷаи татбиқи он иқтисодиёти Тоҷикистон ба маротиб боло рафта, сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат низ афзоиши воқеӣ меёбад. Чунин ибрози андеша намуд ба АМИТ «Ховар» номзади илмҳои иқтисодӣ Абдуалим ҲОМИДОВ. 

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешниҳод карда мешаванд.

— Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуда, ҳамчун санади муҳим дар таҳкими сохти давлатдорӣ, таъмини субот, пешрафту шукуфоии  ҷумҳурӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ба ин васила беҳтар намудани неруи зеҳнию инсонии мамлакат ва бунёди ҷомеаи дунявӣ нақши бориз дорад.

Дар паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди иқтисодии устувори мамлакат, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ пайваста вазифаҳо гузошта мешаванд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани паҳлуҳои мухталифи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла густариши дастовардҳои сиёсӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимою иқтисодӣ, таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда бозида, дар он фаъолияти бунёдкорона ва заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат ҳамчун қувваи пуриқтидор ва созанда таъкид карда мешавад.

Сарфи назар аз коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот ва  ба таври бесобиқа боло рафти нархи маводи ғизоӣ бинобар сабаби таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар соли 2022 Ҳукумати Тоҷикистон тавонист таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллиро дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ амалӣ намояд.

Бо ин мақсад Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд, ки “…дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт”.

Ҳамзамон дар Паём ба рушди бахши воқеии иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса дода шудааст. Аз ҷумла, баланд бардоштани сармоягузории бахши саноат дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026, инчунин амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли соли 2030 ба ин самт нигаронида шудаанд.

Дар заминаи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 Тоҷикистон истеҳсоли сементро то ба 4,2 млн тонна расонид, ки 1,3 млн тоннаи он ба давлатҳои хориҷӣ содирот гардидааст.

Тавре аз Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон бармеояд, дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шудаанд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки “то имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 адад кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. […] Аз ҷумла, аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад”.

Ҷиҳати тақвияти минбаъдаи раванди рушди иқтисодии мамлакат Президенти Тоҷикистон дар Паёми навбатии хеш ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Маҳз ҳамин иқдомоти пайгирона шароит фароҳам месозанд, ки соҳибкорони мамлакат бо дили гарм ва меҳнати содиқона дар таҳкими инфрасохтор, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ дар раванди аз давлати аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ҳиссаи арзишманд гузоранд.

Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешида имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад. […] Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карда, барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.

Сарвари давлат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ки пояи амнияти озуқавории мамлакатро ташкил медиҳад, низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба ин муносибат дар Паёми навбатӣ вазифа гузошта шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда, технологияи муосир ва усулҳои нави парвариши маҳсулот ҷорӣ карда шавад.

Бахши энергетика ва роҳҳо низ дар ҷаҳони муосир аз омилҳои таконбахши рушди иқтисодӣ арзёбӣ мегарданд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бахшҳои мазкур ба таври илман асоснок таҳлилу баррасӣ гардида, дар самтҳои мазкур тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.

Вазъи инфрасохтор низ дар маркази диққат қарор дорад. Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба давлати  транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардид, ки дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд. Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Тавре дар Паёми навбатӣ таъкид  гардидааст, корҳои дар соҳа анҷомдода имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифта зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад.

Дар Паём вазифа гузошта шуд, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии давлатро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад. Тибқи ҳидоятҳои Сарвари давлат бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад. Дар маҷмўъ, ҳамаи бунёдкориҳо ба манфиати халқу Ватан ва шукуфоии мамлакат дар оянда боз ҳам бо суръати баланд идома хоҳанд ёфт.

Президенти Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи дастовардҳои болозикрро самари заҳмату талошҳои содиқонаи мардуми мамлакат арзёбӣ намуданд. Вобаста ба заҳмати содиқонаи мардуми Тоҷикистон Сарвари давлат  таъкид намуданд, ки “…ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон ҳадафмандона амалӣ карда шуданд”.

Дар маҷмӯъ, татбиқи самтҳои афзалиятноке, ки дар бахши иҷтимоию иқтисодии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардидаанд, барои шаҳрвандони мамлакат зиндагии шоиста ва рӯзгори босаодат фароҳам меорад.

Абдуалим ҲОМИДОВ,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳон
ва муносибатҳои байналмилалии
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2023 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад