Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Қувваҳои Мусаллаҳи мо борҳо аз имтиҳони садоқат, маҳорат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд»
ДУШАНБЕ, 23.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид. Вақти қабули қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассису кадрҳои касбӣ. Чунин таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз зимни суханронӣ ба ифтихори ҷашни 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пешвои миллат тазаккур доданд, ки баъдан 23-юми июни соли 1993 Қӯшунҳои хушкигард, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва нерӯи сершумортарину пешбарандаи амалиёти ҷангӣ ба ҳисоб мераванд, таъсис дода шуд ва аз рӯзҳои аввал барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҳарбиву сиёсии мамлакат сафарбар гардид.
«Дар марҳалаҳои минбаъда мо дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти низомӣ ва қисмҳои ҳарбӣ оид ба таъминоти ҷузъу томҳоро таъсис додем. Яъне Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иштирок карда, ташаккул ва обутоб ёфтанд”,- таъкид намуданд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд. Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо аз имтиҳони садоқат, маҳорат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштаанд.
АКС: Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Точикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






