Прокуратураи генералӣ: «97 ҷинояткори дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта ба Тоҷикистон истирдод карда шуданд»
ДУШАНБЕ, 18.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд якчанд корҳои амалӣ ба анҷом расонида шуда, дар заминаи ҳамкории байналмилалӣ 97 ҷинояткори дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта ба Тоҷикистон истирдод карда шуданд. Дар ин хусус Прокурори генералии ҷумҳурӣ 17 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа дар соли сипаришуда буд.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида бо 6 мақомоти прокуратураҳои дигар давлатҳо созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид.
«Дар заминаи ҳамкорӣ дигар масъалаҳое, ки ба манфиати давлати Тоҷикистон ва мардум ҳастанд, вобаста ба самти назорати прокурорӣ амалӣ шуда истодаанд»,-иброз гардид зимни нишасти матбуотӣ.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






