Рӯзноманигорон аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ баъд аз нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар он беш аз 30 нафар хабарнигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок доштанд, рӯзноманигорон аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар донишгоҳи мазкур боздид намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳайати рӯзноманигоронро намояндагони раёсати донишгоҳ ва зумрае аз устодони факултети журналистика роҳнамоӣ намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки мақсад аз ташкили боздиди рӯзноманигорон аз Осорхонаи Пешвои миллат — ин тарбияи насли имрӯза дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва шиносоӣ бо хизматҳои шоёни Президенти Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Сарвари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии мамлакат – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

Осорхона мутобиқ ба талаботи замони муосир, бо назардошти аслият ва мазмуну мундариҷаи нигораҳо таъсис дода шуда, ҳисси худшиносию ватандӯстӣ, ифтихормандӣ ва завқи эстетикии бинандаро дучанд менамояд.
Ёдрас мешавем, ки 21 декабри соли 2022 бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат осори банашррасидаи Сарвари давлат ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корномаҳои Пешвои миллатро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд






