Сӯхтор дар шарқи Куба 150 гектар ҷангалро фаро гирифт

Февраль 22, 2023 09:25

ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳадди ақалл 150 гектар ҷангалҳо дар шаҳрдории Пинарес — де — Майярии музофоти Олгини шарқи Куба оташ гирифтанд. Дар ин хусус 20 феврал телевизиони давлатии Куба хабар дод.

Гуфта мешавад, ки дар айни замон аз сабаби боди сахт ва ҳавои хушк сӯхторро пурра зери назорат гирифтан имконнопазир аст. Дар бораи маҷрӯҳон ва ҳалокшудагон иттилоъ дода нашудааст, тақрибан 600 нафар сокинони минтақаҳои наздик кӯчонида шуданд.

Оташ оҳиста-оҳиста ба боғи миллии «Менсура-Пилото» наздик мешавад, ки масоҳати он қариб 8480 гектарро ташкил медиҳад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 22, 2023 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд