Соли 2022 дар Тоҷикистон 199 мактаб ва бинову синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардиданд

Февраль 4, 2023 17:27

ДУШАНБЕ, 04.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 199 бинои муаcсисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 44 ҳазору 910 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус 2 феврал Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки аз ин шумора 62 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 14 ҳазору 561 ҷойи нишаст аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва 66 бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 6543 ҷойи нишаст ба тариқи ҳашар сохта, ба истифода дода шуданд.

Инчунин зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба сохтмону навсозии иншооти соҳаи маориф ва норасоии ҷойи нишаст дар вилояти Хатлон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» қабул гардид.

«Тибқи Нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар марҳилаи якум- солҳои 2022-2024 сохтмон ва таъмиру навсозии 173 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шудааст», — гуфт Вазири маориф ва илм.

Муассисаҳои мазкур барои 52 ҳазору 850 ҷойи нишаст дар назар дошта шуда, маблағи он 693 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2023 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд