Соли 2022 дар Тоҷикистон номи 56 шаҳраку деҳот иваз карда шуд

Февраль 1, 2023 21:16

ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номи 56 шаҳраку деҳот иваз карда шуд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода 31 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре мавсуф баён дошт, дар Тоҷикистон ҳудуди 430 шаҳраку деҳот мавҷуданд, ки ҳангоми иваз намудани номи онҳо хусусияту анъанаҳои хосашон ба инобат гирифта мешавад.

«Тартиби номгузории маҳаллаҳою деҳаҳо аз ҷониби худи маҳал пешниҳод карда шуда, тибқи анъанаҳои хоси деҳа ном гузошта  мешавад. Бояд гуфт, ки дар ҳар шаҳру ноҳияҳо комиссия оид ба номгузорӣ фаъолият мекунад, ки дар асоси он маҷлиси вакилони халқу шаҳру ноҳияҳо пешниҳод қабул намуда, баъд ба вилоят пешниҳод мекунанд. Он пешниҳодҳо барои қарор қабул намудан аз вилоят ба ҷумҳурӣ ирсол шуда, сипас номҳо иваз ва аз нав гузошта мешаванд»,-илова кард Раиси Кумита.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба бунёди манзилҳои истиқоматии зебою замонавӣ, таҷдиду навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зисти ҳар оила, кӯчаву хиёбон, маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби кумита тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2023 21:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд