Соли 2022 дар Тоҷикистон номи 56 шаҳраку деҳот иваз карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номи 56 шаҳраку деҳот иваз карда шуд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода 31 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тавре мавсуф баён дошт, дар Тоҷикистон ҳудуди 430 шаҳраку деҳот мавҷуданд, ки ҳангоми иваз намудани номи онҳо хусусияту анъанаҳои хосашон ба инобат гирифта мешавад.
«Тартиби номгузории маҳаллаҳою деҳаҳо аз ҷониби худи маҳал пешниҳод карда шуда, тибқи анъанаҳои хоси деҳа ном гузошта мешавад. Бояд гуфт, ки дар ҳар шаҳру ноҳияҳо комиссия оид ба номгузорӣ фаъолият мекунад, ки дар асоси он маҷлиси вакилони халқу шаҳру ноҳияҳо пешниҳод қабул намуда, баъд ба вилоят пешниҳод мекунанд. Он пешниҳодҳо барои қарор қабул намудан аз вилоят ба ҷумҳурӣ ирсол шуда, сипас номҳо иваз ва аз нав гузошта мешаванд»,-илова кард Раиси Кумита.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба бунёди манзилҳои истиқоматии зебою замонавӣ, таҷдиду навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зисти ҳар оила, кӯчаву хиёбон, маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби кумита тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад






