Соли 2022 дар Тоҷикистон зиёда аз 500 ҳолати ҷиноят бо истифода аз интернет ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Соли 2022 аз ҷониби Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 17 ҳолати ҷинояти киберӣ ошкор гардида, зиёда аз 500 ҳодиса бо истифода аз интернет ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба қайд гирифта шуданд, хабар дода шуд имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ ба хабарнигорон.
Тазаккур бояд дод, ки зери мафҳуми ҷиноятҳои киберӣ ҷиноятҳое фаҳмида мешаванд, ки тавассути технологияи компютерӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд. Қаллобии молиявӣ, ҳуҷум ба системаҳои компютерӣ, тасарруфи (дуздидани) маълумоти шахсӣ, паҳн кардани маълумоти ғайриқонунӣ ва бардурӯғ, кибертерроризм ва ғайра ба сифати ҷиноятҳои киберӣ фаҳмида мешаванд, ки мушкилоти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиро дар пай доранд.
Дар баробари ин ҳамзамон гуфта шуд, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ 22 481 (2021 — 24 118) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба соли 2021 1637 ҳолат кам мебошад. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 14 612 ҷиноят ошкор карда шуда, кушодашавии ҷиноятҳо 82,3 фоизро ташкил медиҳад.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он – 58 (2021-41), роҳзанӣ – 37 (2021-29), ғоратгарӣ – 130 (2021-128), таҷовуз ба номус – 23 (2021-25), савдои одамон -24 (2021-10), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 131 (2021-133), авбошӣ – 1103 (2021-1053), қаллобӣ – 1856 (2021-2250), дуздӣ – 4868 (2021-6019), ҷиноятҳои иқтисодӣ -250 (2021-332) ҳолат ба қайд гирифта шудаанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






