Соли 2022 дар вилояти Суғд беш аз 2,1 ҳазор иншооти таъйиноти гуногун бунёд, таъмир ва навсозӣ гардиданд

Февраль 5, 2023 09:37

ДУШАНБЕ, 04.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 2,1 ҳазор иншооти таъйиноти гуногун бунёд, таъмир ва навсозӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёд, таъмир ва навсозии зиёда аз 12 ҳазор иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора соли гузашта 2 ҳазору 174 иншооти таъйиноти гуногун баъд аз бунёд, таъмир ва навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Соли гузашта дар вилояти Суғд дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ дар ҳаҷми 1 миллиарду 90 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд.

Тибқи маълумот, дар ин давра корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 2 милларду 128,5 миллион сомонӣ иҷро гардидаанд, ки мутаносибан 114,6 ва 146,7 фоизи нишондиҳандаи соли 2021-ро ташкил медиҳанд.

Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 547,5 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд. Илова бар ин, барои 4 ҳазору 364 ҷойи нишаст дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, 350 ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 120 кат дар беморхона ва барои 60 қабул дар як баст дар дармонгоҳҳо иқтидори иловагӣ мавриди истифода қарор гирифт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2023 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид