Соли 2022 дар вилояти Суғд беш аз 2,2 ҳазор километр роҳ таъмир карда шуд

Февраль 8, 2023 20:23

ДУШАНБЕ, 08.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар вилояти Суғд беш аз 2,2 ҳазор километр роҳ таъмир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар ин давра дар вилоят тавассути маҷмӯи нақлиёт 32 миллион тонна молу маҳсулот интиқол ёфта, ба 231,4 миллион мусофир хизмат расонида шуд. Суръати афзоиш нисбат ба соли 2021 мутаносибан 107,5 ва 104,6 фоизро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти масъулон, дар ин давра нақшаи таъмиру тармими роҳҳо 113,7 фоиз иҷро гардида, 2 ҳазору 298 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд. Барои корҳои иҷрошуда 200 миллиону 147,3 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети вилоят 62 миллиону 17 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 57,8 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар соли 2022 ба 15 миллиарду 618 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 4 миллиарду 105 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли 2021 мутаносибан 103,9 ва 111,2 фоизро ташкил намуд.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2022 ба 3 миллиарду 186 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид.

Дар ин давра аз вилояти Суғд ба ҳисоби 1 миллиарду 86,2 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ 1,7 баробар зиёд мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2023 20:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад