Соли 2023 дар шаҳри Турсунзода 270 синфхонаи иловагӣ ва 6 кӯдакистон ба истифода дода мешаванд
ТУРСУНЗОДА, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2023 дар шаҳри Турсунзода дар заминаи 29 муассисаи таълимӣ 270 синфхонаи иловагӣ барои 6440 нафар хонанда ва 6 кӯдакистон барои 594 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода баён намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки «дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 398 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Давоми соли 2022 74 иншооти гуногун ба истифода дода шуд. Соли 2022 бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар заминаи 7 муассисаи таълимӣ 59 синфхонаи иловагӣ бо 1368 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд».
Гуфта шуд, ки шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, ҷиҳати иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр 1 миллиарду 19 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 222,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳоло дар шаҳр 65 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли 2021 15 корхона зиёд мебошад. Дар ин давра дар корхонаҳои саноатии шаҳр 86 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2021 11 намуд зиёд мебошад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Бо ҷалби волонтёрон дар пойтахт ҳашарҳои экологӣ гузаронида мешаванд
Доир ба Конвенсияи Ромсар ва аҳамияти байналмилалии он нишасти илмӣ баргузор гардид
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён 171 иншоот бунёд карда мешавад
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳоти шаҳри Турсунзода иншооти иҷтимоиву варзишӣ ва роҳи маҳаллӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд






