Соли 2023 Тоҷикистон мизбони 4 Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақоми байналмилалӣ гирифтани гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) Тоҷикистон соли равон мизбони чор мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ гардида, онҳоро тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ доир менамояд. Инҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Осиё» аз рӯи намуди гӯштингирӣ, Чемпионати Осиё, Ҷоми ҷаҳон ва Чемпионати ҷаҳон мебошанд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки давоми 5 соли оянда дар 60 давлати дунё намояндагии Федератсияи гӯштингириро боз кунад. Дар айни замон дар се давлати хориҷӣ, аз ҷумла, Федератсияи Русия, Ҳиндустон ва Эрон чунин намояндагӣ таъсис дода шудааст.
«Соли 2022 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғиб ва ривоҷу равнақи гӯштини миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 4 ҳазор мусобиқаи гӯштин аз рӯи усули деҳа ба деҳа баргузор намуд. Тибқи нақша, соли равон ин шумора ба беш аз 5 ҳазор расонида мешавад»,-иброз дошт Раиси Кумита.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






