ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, якшанбе , 50-умин рӯзи соли 2023 аст

Февраль 19, 2023 08:00

19 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфтанд.

***

19 феврали соли 2009 паҳлавони тоҷик Олим Зикаев дар мусобиқаи кушоди XIII Ҷумҳурии Беларус оид ба гӯштини самбо барои дарёфти Ҷоми президенти ин мамлакат дар шаҳри Минск соҳиби медали тиллоӣ гардид.

19 ФЕВРАЛ:

Дар Туркманистон — Рӯзи парчами давлатӣ.

***

Дар Непал – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Канада – Рӯзи оила.

 РӮЙДОДҲО:

19 феврали соли 2010 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Шри–Ланка дар доираи Ҷоми даъватии Конфедератсияи футболи Осиё бар дастаи мунтахаби Бангладеш бо ҳисоби 3:1 ғалаба ба даст овард.

***

19 феврали соли 1921 куҳантарин рӯзномаи Русия — «Труд» («Меҳнат») таъсис дода шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар Душанбе масъалаи ба муассисаҳои таҳсилотии олии Федератсияи Русия тибқи квота дохил шудани ҷавонони тоҷик баррасӣ гардид.

***

Соли 1974 аввалин маротиба маросими супоридани ҷоизаи мусиқавии америкоӣ — American Music Award баргузор гардид.

Февраль 19, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш