ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, душанбе, рӯзи 37-уми соли 2023 аст

Февраль 6, 2023 08:00

6 феврали  соли 2014  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

 

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният ба имзо расид.

6 ФЕВРАЛ

Рӯзи байналмилалии пешхизматон

РӮЙДОДҲО:

6 феврали соли 2012  дар таваллудхонаи шаҳрии №3- и шаҳри Душанбе шаҳрванди 8-миллионумини Тоҷикистон ба дунё омад.

***

6 феврали соли 1875 дар Олмон бақайдгирии ҳатмии никоҳи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонун ва ҷомеа» нашр гардид.

Февраль 6, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш