Ҳукумати Америка дар мубориза ба муқобили зӯроварӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон дучори мушкилӣ аст

Февраль 15, 2023 17:01

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Америка дар мубориза ба муқобили зӯроварӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон, ки ба ҳаёти муътадили ҷомеа таҳдид мекунад, дучори мушкилӣ аст . Дар ин хусус дар мақолае, ки рӯзи якшанбе дар сомонаи хабарии cleveland.com ба нашр расидааст, гуфта мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.

«Марги ҳамарӯза аз тири силоҳи оташфишон ШМА-ро ба майдони қатл, ба давлате табдил додааст, ки зиндагӣ дар он беш аз дигар манотиқи мутамаддини сайёра хатарнок аст», — навиштаанд рӯзноманигорон.

Бо вуҷуди ин, мансабдорони интихобшуда, ки дар рӯҳияи тарс аз тири силоҳи оташфишон ва пайомадҳои он зиндагӣ мекунанд, таҳаммулпазириро нисбат ба қатли кӯдакон ва тирпарониҳои оммавӣ, ки қариб ҳамарӯза дар ҳаёт рух медиҳанд, бошуурона авло медонанд, менависанд муаллифон.

Намояндагони табақаи сиёсӣ шояд аз ин иттиҳом ба хашм оянд, аммо далелҳо дар ҷониби онҳо нестанд. Дар мақола гуфта мешавад, ки ислоҳи дуввум гирифта гаштани силоҳро иҷозат медиҳад, вале қабули қонунҳоро дар бораи силоҳ, ки онҳоро ақли солим тақозо менамояд, манъ намекунад.

«Корношоямии ҳазорон мансабдорони интихобшуда, асосан аъзои Конгресс, қонунгузорони сатҳи иёлот ва губернаторҳо дар бобати манъ намудани дастрасӣ ба силоҳи оташфишон, ки барои куштори оммавии шаҳрвандони Амрико истифода мешавад, нақзи узрнопазири савганд аст», — таъкид намудаанд рӯзноманигорон.

Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОДӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2023 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд