ВАО: Теъдоди ҳалокшудагони заминларза дар Туркия қариб ба 30 ҳазор нафар расид

Февраль 13, 2023 09:16

ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи шадид дар ҷанубу шарқи Туркия рӯзи якшанбе ба 29 605 нафар расид. Дар ин бора Раёсати ҳолатҳои фавқулода хабар додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Ҳалокшудагон 29 605 нафаранд. 147 934 нафар шаҳрвандон аз минтақаҳои аз заминларза осебдида ба вилоятҳои дигар кӯчонида шуданд», — омадааст дар изҳорот.

Заминларзаҳои 7,7 ва 7,6- дараҷаӣ 6 феврал бо фосилаи 9 соат дар музофоти Қаҳрамонмараши ҷанубу шарқи Туркия рух доданд. Ин зилзилаҳо ва баъдан садҳо пасларзаҳо дар 10 вилояти ин кишвар ва давлатҳои ҳамсоя эҳсос шуданд, ки аз ҳама бештар Сурия осеб дидааст.

Ёдовар мешавем, ки 11 феврал наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия ду нафарро аз зери харобаҳо зинда берун оварданд.

Дар натиҷаи истифодаи оқилонаи дастгоҳҳои ошкор кардани одамон аз зери харобаҳо ду нафар пайдо карда шуда, пас аз бартараф кардани монеаҳо кӯдаки 6-моҳа ва падараш наҷот дода шуданд.

Онҳо 6 рӯз дар зери харобаҳои бино мондаанд ва пас аз наҷот дар бемористон бистарӣ шуданд.

Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон то 12 феврал 25 ҷасадро аз зери харобаҳои биноҳои истиқоматӣ берун овардаанд.

Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷоти наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар Туркия идома дорад.

Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОДӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Global Look Press Press / Shadati

Февраль 13, 2023 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд