«ВАТАНДӮСТ». Дар Хатлон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Бохтар бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Раёсати ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Ватандӯст» барномаи тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни баргузории барнома гурӯҳи наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят ба иштирокчиён техникаю воситаҳои техникии нави наҷотдиҳӣ ва усулҳои истифода аз онҳоро намоиш дода, ба саволҳои ҳозирин посух дод.
Мақсад аз баргузории барномаи мазкур- бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, мардонагӣ, ҷасорат ва хизмат ба Ватан-Модар дар дили ҳар шаҳрванд, бахусус насли наврас мебошад.
Дар ҳамоиш роҳбарияти шаҳри Бохтар, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилоят, директорону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва донишҷӯён иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






