23 МАРТ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳар се соат ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ доир ба вазъи об ва боду ҳавои Тоҷикистон маълумот пешниҳод мегардад

Март 23, 2023 11:31

ДУШАНБЕ, 23.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 60 нуқтаи ҳавосанҷӣ дар ҷумҳурӣ ҳамарӯза доир ба вазъи боду ҳаво, ҳарорати ҳаво, бориш, самту суръати шамол ва дигар равандҳои  атмосферӣ ба  Маркази обуҳавошиносии мамлакат маълумот пешниҳод менамояд. Инчунин дар ҷумҳурӣ 16 нуқтаи худкори обсанҷӣ ва 16 нуқтаи худкор оид ба муайян намудани сифати ҳаво  фаъолият менамоянд, ки нуқтаҳои мазкур дар пешниҳоди маълумот доир ба  пасту баландшавии сатҳи оби дарёҳо, ҷараёни он ва муайян намудани сатҳи ғализии ҳавои атмосфера нақши муҳим мебозанд. Чунин гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ  «Ховар» муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева дар Рӯзи умумиҷаҳонии ҳавошиносон -метеорологҳо, ки ҳамасола 23 март ҷомеаи ҷаҳонӣ онро таҷлил менамояд. Ин сана аз таъсиси Созмони ҷаҳонии метеорологӣ /WMO/  дар соли 1873  ва 23 марти соли 1950 эътибор пайдо намудани Конвенсияи WMO сарчашма мегирад.

185 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои WMO  мебошад

Созмони ҷаҳонии метеорологӣ /WMO/ сохтори махсуси байниҳукуматии СММ мебошад, ки имрӯз 185 давлатро муттаҳид месозад.

Он дар соҳаи гидрометеорология ва гидрологияи фаврӣ ҳамкории густурдаи байналмилалиро роҳандозӣ намуда, ҳамкории мутақобилаи низоми глобалӣ, минтақавӣ ва миллии мушоҳидаи обу ҳаворо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҳамоҳанг месозад, инчунин мубодилаи байналмилалии маълумот ва маҳсулоти гидрометеорологӣ -пешгӯиҳо, харитаҳо, тадқиқот ва обуҳавошиносиро ба роҳ мемонад.

Беш аз 15 миллион аломат ва 2000 харитаи вазъи  ҳаво ба таври фаврӣ ҷамъоварӣ, коркард ва интиқол дода мешавад

Дар айни замон Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ  ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн кардани маълумоти метеорологӣ,  омӯзиши уқёнусҳо ва иттилоотро аз низоми моҳвораҳои метеорологии қутбӣ ва истгоҳҳои ҷуғрофии моҳворавии метеорологии тақрибан 10000 истгоҳ, ки дар хушкӣ воқеанд, 1000 истгоҳи болоии ҳавоӣ, 7300 киштӣ,  900 киштии ҳавоӣ ва 3000 ҳавопаймо ҳамоҳанг мекунад, ки ҳар рӯз 70000 мушоҳидаи  иловагиро пешниҳод менамоянд. Шабакаи беназире, ки аз се маркази ҷаҳонии метеорологӣ -Вашингтон, Мелбурн, Москва, 4 маркази минтақавӣ ва 185 маркази миллӣ иборат аст, ҳамарӯза дар саросари ҷаҳон маълумотро дар ҳаҷми беш аз 15 миллион аломат ва 2000 харитаи вазъи  ҳаво ба таври фаврӣ ҷамъоварӣ, коркард ва интиқол медиҳад.

Таърихи обуҳавошиносӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон нахустин нуқтаи обуҳавосанҷӣ  соли  1866 дар Хуҷанд  ва баъдан дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент,  Хоруғ,  Бохтар ва Мурғоб таъсис дода шудааст. Соли  1926 дар Душанбе  хадамоти  обуҳавосанҷӣ ташкил карда шуд, ки ин ниҳод ба таъсиси Агентии обуҳавошиносӣ дар ҷумҳурӣ замина гузошт. Ҷамила Байдуллоева мегӯяд, ки зарфи солҳои Истиқлоли давлатӣ соҳаи обуҳавошиносии  мамлакат рушд намуд, Тоҷикистон аъзои Созмони ҷаҳонии  ҳавошиносӣ /СҶҲ/ гардид.Бо узвият дар ин созмон Тоҷикистон уҳдадор гардидааст, ки бо давлатҳои аъзои ин ташкилот дар пешбурди соҳа ҳамкории густурда ба роҳ монда, барои табодули маълумот ва пешгӯиҳои  марбут ба вазъи боду ҳаво, омӯзиши вазъи тағйирёбии иқлим, гардишҳои атмосферӣ ҳамкориро тақвият бахшад.

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ дар давлатҳои пешрафта таҷриба омӯхтаанд

Ҳоло дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат беш аз  700 мутахассис фаъолият  намуда,  бархе аз онҳо дар давлатҳои хориҷӣ, назири  Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон давраҳои омӯзишӣ гузашта, такмили ихтисос  намудаанд.

Тавре Ҷамила Байдуллоева  гуфт, дар ҷумҳурӣ  танҳо дар кафедраи иқлимшиносӣ ва метеорологияи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мутахассис- метеоролог омода карда мешавад. Озмоишгоҳи Агентии обуҳавошиносӣ бо дастгоҳҳои  муосир барои гузаронидани санҷишҳои ташхиси обҳои рӯизаминӣ, сифати фазои ҳаво ва санҷишу таъмири асбоби обуҳавосанҷӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Истифодаи моделҳои пешрафтаи давлатҳои ҷаҳон дар самти  пешгӯии боду ҳаво

Фаъолияти Маркази обуҳавошиносӣ асосан ба омӯзиш ва пешгӯии равандҳои обу  ҳаво нигаронида шудааст. Ҳавошиносони тоҷик дар пешгӯии боду ҳавои мамлакат асосан аз моделҳои пешрафтаи Амрико, Британияи Кабир, Русия,  Олмон, Ҷопон  ва дигар давлатҳо истифода менамоянд, ки дурустии онҳо то 85 фоизро ташкил медиҳад, мегӯяд Ҷамила Байдуллоева. Мавсуф афзуд, ки обуҳавошиносони тоҷик ҳар се соат ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ  доир ба вазъи об ва боду ҳавои мамлакат  маълумот пешниҳод менамоянд.

Истифода аз харитаҳои ёрирасони обуҳавосанҷии моҳвораи «МETEOSAT-8»

Маркази обуҳавошиносӣ бо таҷҳизоту барномаҳои муосири компютерӣ, алоқаи моҳворагӣ ва моделҳои пешгӯии вазъи обу ҳаво ҷиҳозонида шудааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 56 нуқтаи бодуҳавосанҷӣ, 89 дидбонгоҳи обченкунӣ, 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво дар шаҳрҳои калон фаъолият  доранд, ки маълумоти ҳаррӯзаи вазъи боду ҳаво, ҳарорати ҳаво, бориш, самту суръати шамол, чангу ғубор ва туманро коркард менамоянд.

Дар Марказ дастгоҳҳои муосири истеҳсоли давлатҳои Швейтсария, Финландия, Амрико ва Олмон барои ташхису танзими дастгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дастрас ва насб гардидаанд, ки дар миқёси Осиёи Марказӣ яке аз марказҳои танзими пешқадам эътироф гардидааст. Инчунин дар шаҳрҳои Бохтар, Гулистон ва Хоруғ марказҳои обуҳавосанҷии минтақавии Агентӣ фаъолият  доранд. Барои тартиб додани пешгӯиҳои якшабонарӯзӣ аз харитаҳои ёрирасони обуҳавосанҷии моҳвораи «МETEOSAT-8» — Маркази моҳворагии аврупоӣ самаранок истифода бурда мешавад.

Барои ҳавошиносони тоҷик шароити мусоид фароҳам оварда шудааст

«Соли 2021 кормандони Агентии обуҳавошиносӣ соҳиби бинои нав гардиданд, ки барои фаъолияти пурсамари кормандон шароити  мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосиру пешрафта ва технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ таъминанд»,- мегӯяд Ҷамила Байдуллоева.

«Дар шароити тағйирёбии иқлим фароҳам гардидани шароити муосир ва муҷаҳҳаз гардонидани бинои нав бо таҷҳизоти муосир кормандони Агентии обуҳавошиносиро водор месозад, ки  фаъолияти пурсамар ба роҳ монанд ва маълумоти саҳеҳу саривақтиро оид ба вазъи обу ҳавои мамлакат пешниҳоди аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ  созанд. Чунки рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба маълумоти обуҳавошиносон сахт иртибот дорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 23, 2023 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон