«ҲАФТ СИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ, файзу баракат ва фардои дурахшон ҳисобида мешавад

Март 23, 2023 10:05

ДУШАНБЕ, 23.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сарзамини Тоҷикистони биҳиштосо ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз қабои идона ба бар намудааст. Дар минтақаҳои гуногуни мамлакат — Суғду Хатлон, Рашту Бадахшон ва Ҳисори Шодмон ин идро дар сатҳи баланд бо баргузории оинҳои наврӯзӣ хушу наку истиқбол мегиранд. 

Мардум сари хони пурнозу неъмати наврӯзӣ, ки бо таомҳои гуногуни миллии «ҳафт син» ороста шудааст, ба умеди фаровонҳосилӣ, пурфайзу баракат омадани соли нав ва фардои дурахшон сарҷамъ мешаванд. «Ҳафт син» аз санҷид, себ, сабза, суманак, сир, сирко ва сипанд иборат буда, махсусияти худро дорост.

Санҷид бӯи хушу гуворо дошта, рамзи нишони дилдодагӣ ба табиатро ифода месозад. Баъзе аз донишмандон онро ба ғизои ақл мансуб медонанд. Ба ин сабаб, рамзи асосии санҷид ниҳодан ба хони наврӯзӣ чун  рамзи донишу хирад дониста мешавад.

Инчунин себ рамзи дигари ҳафтсин мебошад, ки мардумшиносон онро рамзи тандурустӣ донистаанд. Дар тибби мардумӣ омадааст, ки ҳар кас ҳар рӯз як дона себ хӯрад, ӯро ба пизишк эҳтиёҷ намонад. Рамзи дигар- ин сабза мебошад, ки аз зинда ва бедор шудани табиат дарак медиҳад. Он рамзи сарсабзӣ, нумӯъ ва хуррамии инсониятро бозгӯӣ менамояд.

Гузоштани суманак дар хони наврӯзӣ нишони ғанӣ будани  зироати кишоварзӣ, ғизо гирифтан ва неруи паҳлавониро низ ифода менамояд.

Сирко дар хони наврӯзӣ ифодагари пуртоқатӣ ва хирадмандӣ мебошад.

Сир рамзи саломатӣ буда, донаҳои ҳазориспандро рӯи зарфи наврӯзӣ гузошта, бо фаро расидани Наврӯз онро ба хотири дафъи балоҳо месӯзонданд. Ба қавли машҳур, он ба ҳазор дард даво будааст.

Бояд тазаккур дод, ки ороиши дастурхони наврӯзӣ аз урфу одатҳои ҳар миллат вобаста буда, дар байни мардуми тоҷик аз замонҳои қадим дар айёми Наврӯз кушодани дастархони «ҳафт мева», таҳияи хӯрокҳои ширӣ, маҳсулоти сафедранг ва таоми баҳорӣ, яъне аз сабзавоти баҳорӣ омодашуда низ маъмул буд. Ҳамин тавр,  анъанаҳои нек бо мурури замон аз насл ба насл интиқол ёфта, ҳар хонавода мувофиқи табъи  худ хони наврӯзии худро оро медиҳад.

Доир ба анъанаи наврӯзӣ шоирону адибони тоҷик шеъру рубоиёти зиёд эҷод кардаанд. Устод Лоиқ Шералӣ дар шеъри «Хони наврӯзӣ» ин оини ниёгонро чунин баён доштааст:

…Дар рӯйи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё,
Ё ҳафт син бибояд ё ҳафт навдаи он.
То боғи ҳафт иқлим рӯйи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 23, 2023 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ НАВИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод
ДЕВДАРА ГУЛДАРА ШУД! Ва ё чӣ тавр бо талоши Пешвои миллат он роҳи камраву касногузар ба шоҳроҳи ваҳдат табдил ёфт
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад