Ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар форуми «Ҷомеаи солим» иштирок намуд

Март 25, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 25.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  23-24 март дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия таҳти унвони «Ҷомеаи солим» форум баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар форуми мазкур ҳамзамон намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва мутахассисон аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд.

Иштирокчиёни форум масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, рақамикунонии соҳа, рушди туризми тиббӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар анҷоми форум барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди ҳамкории ду давлат дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби вазорати тандурустии Русия вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд. Сипосномаи мазкур ба ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар форум иштирок дошт, супорида шуд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 25, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд