ҲАМА РӮЗИ ҶАҲОН АЗ МОДАРОН АСТ! Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба Рӯзи Модар суҳбат намуд

Март 8, 2023 09:58

ДУШАНБЕ, 08.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад. Дар  Рӯзи Модар  хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ ҚУРБОНЗОДА доир ба фаъолият ва нақши занони тоҷик дар ҷомеа  суҳбат намуд, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагони сомона  менамоем.

АМИТ «Ховар»: Мояи ифтихор аст, ки маҳз бо дастгириву таваҷҷуҳи махсуси   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоии занону духтарони мамлакат сол то  сол беҳтар мегардад. Дар тақвияти ин гуфтаҳо чӣ илова карданиед?

Ҳилолбӣ Қурбонзода:  Дар ҳақиқат,  Президенти мамлакат қариб дар тамоми суханрониҳояшон аз нақши назарраси занон  дар рушди ҷомеа ёдрас мешаванд ва таъкид менамоянд, ки ҳар чӣ қадар, ки занону духтарон  босаводу соҳибмаърифат бошанд, оилаҳо солиму мустаҳкам, фарзандон таълиму тарбиядида ва ҷомеа пешрафта мегардад.

Дар баробари дигар фармонҳо дар бораи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа,  6 марти соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Рӯзи Модар эълон гаштани 8 март ба тасвиб расид, ки бори дигар аз эҳтироми хоссаи Сарвари давлат нисбат ба занонону модарони тоҷик дарак  медиҳад.

Дар Тоҷикистон бо мақсади  ҳимояи ҳуқуқи занон ҳоло тамоми заминаву имкониятҳои муосири қонунӣ фароҳам оварда шудаанд.  Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат  беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид.

Имрӯз зани тоҷик аъзои Ҳукумат, вакил,  сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик, варзишгар буда, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият дорад. Ҳоло 25 фоизи хизматчиёни давлатии  ҷумҳурӣ, аз ҷумла, 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд. Ҳатто дар бунёди иншооти муҳимми аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» 900 нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истодаанд. Ҳамчунин, 25 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ва 23 фоизи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ занону духтарон  мебошанд.

АМИТ «Ховар»:  Имрӯз Ҳукумату давлати Тоҷикистон барои рушди соҳибкории хурду миёна шароит фароҳам овардааст, бахусус дар мадди аввал занони соҳибкор меистанд. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ҳамин ҳадафҳо чӣ тадбир андешида истодааст?

Ҳилолбӣ Қурбонзода:  Дар Кумита дар радифи ҳамаи ғамхориҳо, бо дастгирии Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз соли 2006 грантҳои президентӣ рӯи кор омаданд. Грантҳои президентӣ барои фаъолияти занону духтарон таъсис дода шуданд. Имрӯз теъдоди  грантҳо ба 80 адад расидааст ва  шумораи маблағҳо низ  ба маротиб зиёд гардидааст.   Занон метавонанд 80  грантро, ки ба маблағи 2 миллиону  500 ҳазор  сомонӣ аст, ба манфиати зиндагии  шоистаи худ истифода баранд  Маҳз ҳамин дастгириҳост, ки то соли 2021 ин грантҳо дар ҳаҷми 2 миллион  сомонӣ буданд. Он соли 2022 боз 500 ҳазор  сомонии дигар зиёд гардид, ки занон метавонанд тавассути он дар соҳаҳои мухталифи хоҷагӣ ва иқтисоди миллӣ фаъолият намоянд.

АМИТ «Ховар»: Президенти мамлакат дар Паёми шодбошӣ   ба муносибаи Рўзи Модар чунин  таъкид намуданд: «Бовар дорам, ки занону бонувони мо барои пешгирӣ кардани паҳншавии хурофот, андешаҳои ифротӣ ва расму ойинҳои фарҳангии бегона фаъолона саҳм мегузоранд». Кумита чӣ чораҳоро дар ин самт роҳандозӣ намудааст?

Ҳилолбӣ Қурбонзода:  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чун фарзанди содиқи ин миллат кӯшиш менамоянд, ки мо,  тоҷикистониён  ба  фарҳангу таърихи  халқи  тоҷик арҷ гузорем.  Мо ки фарҳанги бой дорему либосҳои миллиамон таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб намудааст,  баҳри муосир гаштани он бояд тадбир андешем. Либоси миллӣ таъриху фарҳанги моро муаррифӣ  менамояд. Мо садҳо маротиба мушоҳида кардаем, ки хориҷиён аз дидани куртаҳои атласу чакани духтарону занони тоҷик ба ваҷҳ меоянд, онро харидорӣ карда, ҳамчун армуғон бо худ мебаранд. Пас чаро мо бояд дар пўшидани либос ба фарҳанги бегона рў оварем?!

Ҳамасола чун баҳор рамзи зебоӣ ва шукуфоист, мо иқдоми «Тоҷикона  мепӯшем»-ро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ ва  вазорату идораҳо   ба роҳ мемонем, ки ин ҳам нишона  аз ҳамон тамаддунофариву фарҳанги  бой доштани миллати тоҷик мебошад.

Вақте ки зан-модари тоҷик дар ин фасли зебо куртаи атласу адрас ва чакан ба бар мекунад, ба зебоии баҳор боз як ҳусни дигар зам менамояд. Аз ин рӯ бояд зани тоҷик ҳамеша мисли баҳор бошад ва доимо  анъанаҳои неки миллатро пос дорад.

АМИТ «Ховар»: Шумо ба занону модарони Тоҷикистон дар Рўзи Модар чӣ таманно доред?

Ҳилолбӣ Курбонзода:  Тамоми занону модарони тоҷикро  бо фарорасии  иди баҳор, Рӯзи Модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният мегӯям. Ба онҳо  фазои софу беғубор, давлати поянда, сулҳу ваҳдат, зиндагии осуда, фарзандони солеҳ, оилаи обод ва дӯстиву рафоқати инсониро орзу менамоям! Чуноне шоир фармудааст:

Замину осмон аз модарон аст,
Ҳаёти ҷовидон аз модарон аст.
Ҷаҳон бе модарон  рӯзе надорад,
Ҳама рӯзи ҷаҳон аз модарон аст!

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 8, 2023 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»