Ҷанни Инфантино бори дигар ба вазифаи президенти Федератсияи байналмилалии футбол интихоб гардид

Март 17, 2023 15:01

ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷанни Инфантинои швейтсарӣ бори дигар ба ҳайси президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) интихоб гардид. Интихобот рӯзи панҷшанбе дар Конгресси ФИФА дар пойтахти Руанда — шаҳри Кигалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.

Инфантино ягона номзад дар интихобот буд. Ӯ бар асоси муқаррароти федератсия бе овоздиҳӣ интихоб гардид.

Ноиби президенти ФИФА раиси Конфедератсияи футболи Осиё Салмон бин Иброҳим Ал Халифа тартиби интихоботи такрориро шарҳ дод. «Президенти иҷрокунандаи Федератсияи байналмилалии футбол Ҷанни Инфантино ягона шахси интихобшуда мебошад, ки номзадии худро пешбарӣ кардааст, дар моддаи 3 ва моддаи 32 баён шудааст, ки конгресс метавонад президентро бидуни овоздиҳӣ интихоб намояд, агар як номзад пешниҳод гардад, пас ӯ бо тасдиқи якдилонаи ҳамаи ҳозирин қабул карда мешавад»,- инро гуфта, ӯ пешниҳод кард, ки номзадии Инфантино дастгирӣ карда шавад ва баъд аз ин суханҳо вакилон барои Инфантинои швейтсариягӣ кафкӯбӣ намуданд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 17, 2023 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад