АРМУҒОНИ НАВРӮЗӢ. Дар шаҳри Ҳисор бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 март бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Бино аз 16 ошёна ва 150 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Ошёнаи дуюми бино аз марказҳои савдою хизматрасонӣ ва таҳхона барои истгоҳи нақлиёт иборат буда, дар онҳо мағозаҳои хӯрокворӣ, сару либос, ашёи рӯзгор, гулу туҳфаҳо, масолеҳи сохтмонӣ, телефонҳои мобилӣ, ашёи хонишу дафтардорӣ, дорухона, таҷҳизоти техникӣ, қисмҳои эҳтиётии нақлиёт, инчунин толорҳо барои хизматрасонии бонкӣ, интернетӣ, дӯзандагӣ, варзишӣ, бозии кӯдакон, кошонаи ҳусн, сартарошхона, ошхонаю қаҳвахона, дандонпизишкӣ ва ғайра ҷойгир карда шудаанд. Дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ 35 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Ҳайати намояндагон аз долонҳои ошёнаи сеюми бино ва хонаҳои истиқоматӣ дидан намуда, ба ороиши хона ва сифати кори бинокорон баҳои баланд дод.
Инчунин дар доираи ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар шаҳраки Ҳисор боз ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи Ӯроқ Аловиддинови маҳаллаи Белайдуз ба истифода дода шуда, беш аз 100 оила бо хонаи истиқоматӣ таъмин гардид.
Дар умум, дар арафаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ҳисор 80 банди нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ шуда, 64 иншоот, аз ҷумла 38 иншоот дар шаҳраки Ҳисор, 9 иншоот дар деҳоти Ҳисор, 6 иншоот дар деҳоти Дурбат ва боқимонда дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






