Ба Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар бораи сиёсати зиддимухаддиротии Тоҷикистон маълумот дода шуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Вена роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хонум Ғода Фатҳи Валӣ вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои мамлакат ва корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба хонум Ғода Валӣ маълумот манзур намуда, бо назардошти таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон бармеомада, аз ҷумла қочоқи рӯзафзуни маводи нашъаовар ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷиҳати таҳкими сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон тавассути расонидани кумакҳои моддӣ-техникӣ ва роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба якчанд масъалаҳои мубрам, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи ҳамкории Агентӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ табодули афкор намуданд.
Хонум Ғода Валӣ иброз дошт, ки масъалаҳои ҳамкорӣ бо Агентӣ ва ҳамаҷониба дастгирӣ намудани он ҳамеша дар мадди назари ӯ қарор доранд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






