Бахшида ба Рӯзи Модар ба 260 нафар покизакори шаҳри Хуҷанд туҳфаҳо тақдим карда шуд

Март 6, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби роҳбарияти вилояти  Суғд дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар ба 260 нафар рўбандаю покизакори шаҳри Хуҷанд ширинию туҳфаҳо тақдим карда  шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Зимни суҳбати роҳбарият бо рӯбандаву покизакорони Сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд таъкид гардид, ки заҳмати шабонарӯзии ҳар корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадр карда мешавад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.

Таъкид карда шуд, ки ҳар гоҳ сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама, ба меҳнати кормандони ободонӣ баҳои баланд медиҳанд.

Занону модарони тоҷик  рисолати ҳамешагии хеш — тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси давлати соҳибистиқлолро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд.

Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории ў расем.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 6, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид