БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР. Байни духтарони идораву муассисаҳои давлатии шаҳри Хоруғ мусобиқаи волейбол оғоз ёфт
ХОРУҒ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ байни духтарони идораву муассисаҳои давлатӣ мусобиқа оид ба волейбол оғоз ёфт. Дар ин мусобиқа, ки чор рӯз идома меёбад, 12 дастаи духтарон иштирок мекунад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Директори Мактаби варзишии шаҳри Хоруғ Азиз Ҳайдармамадов зимни ифтитоҳи мусобиқа духтаронро бо Рӯзи Модар табрик намуда, изҳор дошт, ки «зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад, зан манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «биҳишт зери қудуми модарон аст». Дар Тоҷикистон Зан-Модар манзалату мартаба ва мақоми баланд дорад. Зан дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ- чӣ соҳаи сиёсату иқтисод, чӣ фарҳангу варзиш фаъолона иштирок мекунад. Ин ҳама аз шарофати ғамхории пайвастаи Пешвои миллат дар ҳаққи занону модарон аст».
Дар рӯзи аввали бозӣ дастаҳои бонувони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дастаи бонувони шаҳракаи Шоҳтемуриён рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифтанд. Ин бозӣ аз аввал то ба охир хеле ҷолибу шавқовар гузашт ва ҳарду даста талош намуданд, ки бозиро ба фоидаи худ ба анҷом расонанд. Дастаи духтарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рақибони худро пай дар пай бо зарбаҳои маҳкам дар ҳолати ногувор гузошта, бозиро ба фоидаи худ ба итимом расонд.
Дастаи мазкур соли гузашта низ бо ба даст овардани имтиёзҳои бештар дар мақоми аввал ҷой гирифта буд. Ба назар мерасад, ки имсол низ ба ин мусобиқа омодагии ҷиддӣ дида, яке аз довталабони асосии Ҷоми Раиси шаҳр шуморида мешавад.
Ба гуфти директори Мактаби варзишии шаҳр, дар рӯзи ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






