БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР. Дар Бӯстон собиқадорони меҳнатро бо ид табрик намуданд

Март 7, 2023 13:51

Суғд, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Модар аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилояти Суғд фаъолзанон ва  собиқадорони меҳнатро   табрик намуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам  дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон хабар доданд.

6 март дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Модар роҳбарияти вилоят ва шаҳр ба хонадони  занони баруманди шаҳри Бустон Лариса Шемякина ва Моҳинисо Холиқова омаданд.

Зимни суҳбат аз дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои наҷиби занону модарон ёдовар шуда, баҳри хизмати софдилонаву садоқатмандона ба бонувони баруманд ва собиқадори меҳнат изҳори сипос карда шуд.

Тазаккур дода шуд, ки бузургдошти Рӯзи Модар дар мамлакат аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону занони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи давлатамон саҳми арзанда мегузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 7, 2023 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад