Барои чӣ ба MobileApp маълумоти мо зарур аст?

Март 2, 2023 15:47

ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вақте барномаҳои мобилӣ маълумоти шахсӣ дархост мекунанд, ба назар чунин менамояд, ки касе ҳаёти шахсии шуморо зӯран халалдор карданист. Лекин ҳар чизро метавон оқилона шарҳ дод. Дар 99% ҳолатҳо маълумоти шахсиро барои он додан зарур аст, ки худамон чизе ба даст оварда тавонем.

 Ҷосусе, ки қаблан набуд

Дар ҳолати имрӯза дар смартфони ҳар истифодабарандаи миёнаоморӣ қариб 100 барнома фаъол карда шудааст. Бисёри онҳо ягон навъ маълумотро дар бораи соҳиби гаҷет ё худи дастгоҳ дархост менамоянд. Барномаҳо ном, суроғаи почтаи электронӣ ё суроғаи воқеиро пурсон мешаванд, дастрасӣ ба камера ва микрофон талаб мекунанд, смартфонҳо кӯшиш мекунанд, ки макони дақиқи қарор доштани одамро муайян намоянд.

Бе воҳима! Дастрасӣ ба ин ё он маълумот барои фаъолияти комили барномаҳо, яъне баҳри истифода бурда тавонистани он Mobile App, ки худи мо насб кардаем, зарур мебошад. Мисоли одитарин: барои барнома оид ба таҳриру ороиши аксҳо дастрасӣ ба аксҳои шумо зарур аст. Ба диктофон – дастрасӣ ба микрофон. Назарияи суиқасди ҷаҳонӣ дар пеши чашм фурӯ мепошад, ҳамин тавр не?

Барномаҳо чӣ мехоҳанд?

Мисоли душвортар меорем – барномаи «МегаФон Life», ки дар Тоҷикистон аз ҳама зиёд насб карда мешавад. Ба кадом маълумот он дастрасӣ мехоҳад ва барои чӣ?

Ба камера – то ки QR-рамзҳо барои пардохти харид скан карда шавад. Дар бисёр мағозаҳо QR-рамзҳо имкон медиҳанд, ки кешбэк ва холҳои бонусие, ки сипас онҳоро метавон ба мегабайтҳо, дақиқаҳо ва SMS иваз намуд, ба даст оварда шаванд.

Ба тамосҳо – баҳри анҷомдиҳии зангҳо ба воситаи барнома. Теъдоди зиёди истифодабарандагон дар Русия қарор доранд ва онҳо бо ҷону дил ба ватан тариқи “МегаФон Life» занг мезананд, зеро ин аз даъватҳои одии байналмилалӣ 5-6 маротиба муфидтар аст. Дастрасӣ ба тамосҳо инчунин барои интиқоли бетаъхири маблағ байни ҳамёнҳо ё барои пур кардани тавозуни шахси дигар зарур меояд.

Ба микрофон – бо ҳамон мақсад, барои зангҳо

Ба макони қароргирӣ, геолокатсия – то ки ҳамаи функсияҳои барнома ҳангоми ҷойивазкунӣ байни истгоҳҳои базавӣ бенуқсон амал намояд ва сифати интернет низ тағйир наёбад. Ин чора инчунин баҳри фавран пайдо кардани идораи наздиктарини алоқаи оператор ё гирифтани машварати онлайн-мушовир оид ба сифати телеком-хизматрасониҳо дар макони муайян пешбинӣ шудааст. Геомақом ба шабака имкон медиҳад, ки дастгоҳи аз ҷониби муштарӣ барои воридшавӣ ба интернет истифодашаванда «дида шавад».

Ба аксҳо – барои табодули контент дар мессенҷер. Ин ҳам яке аз функсияҳои маъруфи барнома ба шумор меравад.

Ба пайи ангушт ва FaceID – барои зуд ворид шудан ба барнома.

Ҳамагӣ- шаш банд ва ҳамаи онҳо бо мақсади муайян ва ба манфиати худи истифодабаранда.

 Бовар кардед? Бисанҷед! 

Ҳанӯз якчанд сол пеш барнома ҳар он чизеро, ки ба онҳо лозим омада метавонист, пурсон мешуд. Дар намунаҳои нисбатан навтари iOS ва Android вазъият каме дигар мебошад: маълумот ҳамон вақте дархост карда мешавад, ки он лозим аст. Ҳамин тариқ, хизматрасониҳои мусиқӣ дар аввал тамоман чизе намепурсанд. Лекин баъдтар, шояд,  дастрасӣ ба махзани нигоҳдории мусиқӣ дархост карда шавад, ин дар ҳолест, ки агар шумо хоҳиши боргирӣ кардани сурудҳоро ба смартфони худ дошта бошед. Фаҳмост, ки ба хотир гирифтани он ки ҷамъоварии кадом категорияҳои маълумотро шумо иҷозат дода будед ва чунин иҷозат ба кадом барномаҳо дода шудааст, хеле мушкил аст. Лекин санҷидани он душвор нест.

Дар iPhone ба «Настройки»–«Конфиденциальность» гузаред ва сипас, масалан, «Камера»-ро пахш кунед, то бубинед, ки қаблан кадом барномаҳо дастрасӣ ба онро талаб карда буданд.

Дар дастгоҳҳои Android роҳ чунин аст: «Настройки» – «Приложения» –«Уведомления»–«Разрешения приложений». Лекин диққат кунед, ки номи бандҳои феҳрист каме фарқ карда метавонанд – ин аз намуди телефони шумо вобаста аст. 

Ҳуқуқ барои интихоб

Баъзе барномаҳо метавонанд дастрасиро ба зангҳои телефонии шумо, рӯйхати даъватҳо ва SMS-паёмакҳо талаб намоянд. Чунин маълумотро метавон бо мақсадҳои қонунӣ, аз ҷумла бо мақсади мушаххаскунии истифодабаранда аз ҷониби оператори мобилии ӯ ба кор бурд.

Барномаҳо, албатта, гуногун мешаванд. Барои ҳамин шумо ҳуқуқ доред, ки онҳоро ба ҳудуди худ роҳ надиҳед. Пеш аз ба кор даровардан рӯйхати имконияти онҳоро аз назар гузаронида, худ фикр кунед, ки ба шумо ин ё он функсия зарур аст ё не. Ниҳоят, метавон сиёсати махфиятро мутолиа намуд. Агар он мавҷуд набошад ё дар он гуфта нашуда бошад, ки маълумоти шумо ба куҷо равона карда мешавад, чунин барномаро насб накунеду халос. Барномаҳои алтернативиро аз таҳиягарон, ки майлу хоҳиши шуморо ба назар гирифта, танҳо маълумоти аз ҳама заруриро талаб мекунанд, интихоб намоед.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 2, 2023 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд