Беш аз 850 ҳазор кӯдак бар асари заминларза дар Туркия ва Сурия хонаҳои худро тарк кард
ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо сипарӣ шудани як моҳ аз ду заминларза дар ҷануби Туркия ва Сурия беш аз 850 000 кӯдак бе манзили доимӣ монд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба Маркази иттилоотии СММ хабар додааст.
Дар Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ иброз медоранд, ки пайомадҳои заминларза барои кӯдакон ва хонаводаҳо дар минтақа фоҷиабор гардид. Ҳазорон нафар дар ҳолати ногувор қарор доранд. Бисёре аз оилаҳо дар паноҳгоҳҳои муваққатӣ зиндагӣ доранд.
Танҳо дар минтақаҳои зарардидаи Туркия беш аз 1,9 млн нафарро дар паноҳгоҳҳои гуногун ҷой кардаанд, ки дар онҳо шароити дурусти санитарӣ, дастрасӣ ба об ва ёрии тиббӣ мавҷуд нест. 2,5 млн кӯдак дар мамлакат ба кумаки фаврии башардӯстона эҳтиёҷ дорад.
«Тамоми ин 4 ҳафта оилаҳое, ки маҷбур буданд аз сабаби заминларза хонаҳои худро тарк кунанд кӯшиш намуданд, то ки зинда монанд. Онҳо дар воқеъ аз шиддати тарс карахт гаштаанд, чун дар назар доранд, ки ларзиш дубора такрор меёбад»,-гуфт роҳбари минтақавии ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи марказӣ Афшон Хон.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи заминларза дар Сурия зиёда аз 500 ҳазор нафар маҷбур шуданд, ки хонаҳояшонро тарк кунанд. Бештари хонаҳо хароб гардидаанд. Ҳамзамон оилаҳо бо кӯдакон, ки хонаҳояшон пойдор мондаанд. аз баргаштан ба хонаҳояшон метарсанд, чун ҳанӯз ҳам ларзишҳо идома доранд. Дар тамоми Сурия бар асари заминларза беш аз 3,7 млн нафар кӯдак зарар дидаааст.
6 феврал дар Қаҳрамонмараш, ки маркази зилзила буд, ду заминларза бо шиддати беш аз 7 балл рух дод. Ларзишҳои зеризаминӣ, ки дар худ садҳо пасларзаҳо доштанд, дар 10 вилояти ин кишвар ва ҳамчунин дар давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос шуданд.
Шумораи ҳалокшудагони заминларзаҳо дар Туркия аз 46 ҳазор нафар гузашт.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: ЮНИСЕФ / Араф Ватадф








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






