Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 23.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми хисороти заминларза муайян карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Маркази ҷунбиши қишри замин дар километри 132-юми самти шимолу шарқии шаҳри Душанбе, дар километри 50-юми самти шимолу ғарбии минтақаи Рашт ва дар километри 96-уми шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ умқи 11-километр ба қайд гирифта шудааст.
Қувваи заминларза дар маркази он 5-6 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд.
Ҳамзамон маротибаи дуюм соати 07:53 ба вақти маҳаллӣ заминларза ба амал омад, ки қувваи он 4,8 баллро ташкил дод. Маркази ҷунбиши қишри замин дар километри 6-7-уми деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст.
Ҷунбиши қишри замин дар умқи 40-километр бо қувваи 4 бал, дар шаҳри Душанбе 1-2 балл ва дар минтақаи Рашт 2 баллро ташкил намуд.
Бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
АМИТ «Ховар» дар хабарҳои минбаъда тафсилоти бештарро дар ин хусус пешниҳод менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд






