БОРИ АВВАЛ ДАР ДУШАНБЕ. Ояндаи наздик 5 роҳи дусатҳа сохта мешавад, ки дар онҳо роҳи махсус барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва пиёдагардон пешбинӣ шудааст

Март 23, 2023 09:12

ДУШАНБЕ, 23.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе роҳи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт, аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ  то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ навсозӣ гардида, дар он  барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Дарозии роҳи мазкур  6,6 километрро ташкил намуда, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат сохта мешавад. Дар қисматҳои алоҳидаи роҳ ду хати алоҳидаи дигар барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.

Бунёди роҳи кӯчаи Қаҳҳоровро Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто-гурӯҳ» анҷом дода, муҳлати сохтмони он 2, 5 сол пешбинӣ гардидааст. Амалишавии чунин лоиҳа бо 5 роҳи дусатҳаву имконияти васеъ барои ҳаракати нақлиёт, роҳи махсус барои нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва пиёдагардон дар шаҳри Душанбе бори аввал сурат мегирад.

Навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо сохти меъморӣ, имконияти васеи хизматрасонӣ ва зебоӣ дар Тоҷикистон дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати иҷрои супориши  Президенти Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои ба шаҳри пешрафта табдил додани пойтахти мамлакат амалӣ мешавад.

Ҳамзамон дар оянда 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ сохта мешавад. Роҳҳои дусатҳа дар буриши кӯчаи Соҳилӣ бо Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ бо Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта ба истифода дода мешавад.

Қисми зиёди масолеҳи сохтмонии истифодашаванда, аз ҷумла тахтасангҳои оҳану бетонӣ, қубур бо андозаҳои гуногун, асфалт дар шаҳри Душанбе истеҳсол карда мешавад. Дар маҷмуъ масолеҳи сохтмоние, ки барои бунёди роҳ истифода карда мешавад, ба ғайр аз битум пурра истеҳсоли ширкатҳои ватанӣ мебошад. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ техникаву механизмҳои муосир истифода карда мешавад.

Ёдовар мешвем, ки 13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд.


Ҳамзамон дар ҳамин рӯз техникаю механизмҳо ва масолеҳи сохтмоние, ки барои бунёди роҳи кӯчаи Қаҳҳоров истифода мегардад, муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳ, пул ва гузаргоҳҳои дусатҳаи замонавиро дар шаҳри Душанбе намунаи асосии амалишавии нақшаҳои Ҳукумати мамлакат аз ҷониби шаҳрдорӣ ҷиҳати пурра раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ карданд.

Зимни муаррифии нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот дода шуд, ки бунёди роҳҳои чанд кӯчаву хиёбон ва гузаргоҳҳои дусатҳа оғоз мегардад.

Сохтмони роҳҳои дусатҳаи кӯчаи Қаҳҳоров дар буриши хиёбони Неъмат Қарабоев, дар буриши кӯчаи Соҳилӣ бо навсозии пули болои дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаи Қаҳҳоров бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва дар буриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ бо Садриддин Айнӣ бо навсозии пули роҳи оҳан оғоз мегардад. Ҳоло охирон корҳо барои асосноккунии техникӣ идома дорад.

Ҳамзамон дар оянда бунёди роҳ аз кӯчаи Қаҳҳоров то дарвозаи Шарқӣ бо дарозии 11,2 километр, 8 хати ҳаракат аз ду самт ва як роҳи дусатҳа, сохтмони роҳ аз маҳаллаи Чортут то маҳаллаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат бо дарозии қариб 40 километр бо 6 хати ҳаракат аз ду самт, як пул ва 4 гузаргоҳи дусатҳа дар назар аст.

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 23, 2023 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад