«БОЗИҲОИ МИЛЛӢ». Дар Суғд дар арафаи Иди Наврӯз даври вилоятии ин озмун баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид, ки дар он хонандагони 15 шаҳру ноҳияи вилоят иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.
Тавре масъулин иброз доштанд, «намудҳои бозиҳои миллӣ, ки то ин замон дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфуз мондаанд, хеле бисёранд. Мо барои ин озмун 8 намуди онро, ки дар вилояти Суғд бо номҳои «лаклакпарронӣ», «бодбаракбозӣ», «чиллакбозӣ», «ланкабозӣ», «арғамчинбозӣ», «лакпар» ва «ҳаппакбозӣ» маъруф ҳастанд, интихоб кардем. Аз ин намудҳо «арғамчинбозӣ», «лакпар» ва «ҳаппакбозӣ» хосси духтарон мебошанд».
Дар ин озмуни варзишӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти озмун ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо «Диплом», «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» беш аз 21 сол аст, ки бо корбарии Маркази таҳсилоти иловагии Суғд ташкил карда мешавад.
Озмуни мазкур бо мақсади эҳё намудани бозиҳои миллӣ, дар дили хонандагон тарбия намудани эҳтиром нисбат ба анъанаҳои тоҷикӣ, ташвиқоту тарғиботи анъанаҳои бойи ниёгон ва ботантана ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ доир гардид.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд








Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард






