«БОЗИҲОИ МИЛЛӢ». Дар Суғд дар арафаи Иди Наврӯз даври вилоятии ин озмун баргузор гардид

Март 13, 2023 15:50

ДУШАНБЕ, 13.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид, ки дар он хонандагони 15 шаҳру ноҳияи вилоят иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.

Тавре масъулин иброз доштанд,  «намудҳои бозиҳои миллӣ, ки   то ин замон  дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфуз мондаанд, хеле бисёранд. Мо барои ин озмун 8 намуди  онро, ки  дар вилояти Суғд бо номҳои «лаклакпарронӣ», «бодбаракбозӣ», «чиллакбозӣ», «ланкабозӣ», «арғамчинбозӣ», «лакпар» ва  «ҳаппакбозӣ» маъруф ҳастанд, интихоб кардем. Аз ин намудҳо «арғамчинбозӣ», «лакпар» ва «ҳаппакбозӣ» хосси духтарон мебошанд».

Дар ин озмуни варзишӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов иштирок намуданд.

Дар  ҷамъбасти озмун ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо «Диплом», «Сипоснома»  ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ»  беш аз 21 сол аст, ки бо корбарии Маркази таҳсилоти иловагии Суғд ташкил карда мешавад.

Озмуни мазкур бо мақсади эҳё намудани бозиҳои миллӣ, дар дили хонандагон тарбия намудани эҳтиром нисбат ба анъанаҳои тоҷикӣ, ташвиқоту тарғиботи анъанаҳои бойи ниёгон ва  ботантана ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ доир гардид.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд

Март 13, 2023 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Дар маросими ифтитоҳ Темур Раҳимов Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот муайян шуданд
Дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд насби чароғу сутунпояҳо оғоз гардид
Имрӯз дар Париж Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз мегардад
Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 530 медали тилло ба даст оварданд
Варзишгарони Вазорати мудофиа соҳиби 38 медали тилло гардиданд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Париж қарор дорад
Дар шаҳри Хоруғ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят мусобиқа оид ба волейбол идома дорад
Соли равон дар вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар тими миллии Қирғизистон пирӯз шуд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Тоҷикистонро аз намуди гӯштини ҷудо паҳлавонони шинохта муаррифӣ мекунад
Ваҳдат Ҳанонов фаъолияташро дар дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон давом медиҳад