Чаро соҳили дарёчаи Оби лояку дарёи Элоки ноҳияи Файзобод бо партовҳои хонаҳо ифлос шудааст? Шарҳи АМИТ «Ховар»
ФАЙЗОБОД, 19.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дарёчаи Оби лояк яке аз шохобҳои дарёи Элок дар ноҳияи Файзобод мебошад, ки аз маркази ноҳия гузашта, ба дарёи Элок мерезад. Мутаассифона, пас аз тақсиму бо дигар мақсадҳо истифода намудани замини нуқтаҳои партовҷамъкунии шафати ин дарёча солҳост дарёчаи Оби лояк ба нуқтаи партовҷамъкунии умумии сокинони маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонону Дӯстмурод Алиев табдил ёфтааст. Тоза нигоҳ доштани соҳили шохобҳои дарёи Элок бояд дар маркази диққати Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Файзобод, Маркази давлатии ташхисию санитарии ноҳияи Файзобод ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзободу раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия қарор дошта бошад. Мутаассифона, аз беаҳамиятии масъулини ҳифзи муҳити зисти ноҳия, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия ва Мақомоти иҷроия мушкилот дар дарёчаи Оби лояк ба таври ҳамешагӣ мушоҳида мешавад.
Тибқи иттилои сокинони ноҳия, дарёчаи Оби лояк дар фаслҳои тобистону тирамоҳ ва зимистон ба партовгоҳи асосӣ табдил меёбад. Масъулини ноҳия интизор мешаванд, ки дар фасли баҳор дарёча сероб шуда, баъди омадани сел даҳҳо ҳазор куб партовро худаш тоза намояд. Вале онҳо худ ташаббус нишон дода, барои зиёд намудани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ дар шафати ин дарёча ва сари вақт тоза намудани ин нуқтаҳо ҳеҷ иқдом пеш намегиранд. Сокинон маҷбур мешаванд, ки аз набудани нуқтаҳои расмии партовҷамъкунӣ партови хонаи худро ба лаби ин дарёча партоянд.
Вале саволе пайдо мегардад, ки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва ҷамоатҳои деҳоти он чаро барои баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ташкил наменамоянд, то шаҳрванд партови хонаи худро на ба ҷӯйбору лаби дарё, балки ба нуқтаи партовҷамъкунии расмӣ партояду оби тозаи дарёро ифлосу заҳролуд накунад?
Бояд гуфт, ки дуюми ноябри соли 2012 бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист, кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо ва мукаммал намудани механизми баҳисобгирии онҳо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 626 дар бораи Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб баромада буд. Мақомоти иҷроияи шаҳру навоҳии мамлакат вазифадоранд, ки ин қарори ҳукуматро сари вақт амалӣ намоянд. Боиси таассуф аст, ки бо сабаби гузаштани зиёда аз даҳ сол ин қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Файзобод аз эътибор соқит гардидааст. Аз ҳамин сабаб партовҳои бесоҳиб дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ назорат карда намешаванд. Бо ҳамин сабаб партовҳои бесоҳиб дар лаби дарёи Элок ва шохобҳои он бисёр ба назар мерасанд, ки ин амал ба ҳифзи муҳити зист таъсири бад мерасонад.
Баҳри бартараф кардани мушкилоти партовҳои бесоҳиб 19 январи соли 2021 оид ба гузаронидани аксияҳои “Тозагии маҳал ” ва “Тозагии соҳил” Қарори раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ шудааст, ки дар асоси он шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии мамлакат вазифадор гардидаанд, ки бо ҷалби сокинон дар як моҳ ду маротиба аксия гузаронанд.

Тибқи иттилои мудири Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Файзобод Эмом Ҷомаҳмадов, соли равон дар ноҳияи Файзобод 2 маротиба аксияи “Тозагии маҳал” ва 2 маротибаи дигар аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шудааст. Ҳамчунин соли 2023 барои ифлос намудани ҳифзи муҳити зист 32 нафарро ба маблағи 10 ҳазору 672 сомонӣ ҷарима намудаанд.
Сокинони деҳаҳои Муллоён, Сари чашма, Ҷонварсуз ва дигар деҳаю маҳаллаҳои шафати дарёчаҳои шохобҳои дарёи Элок нуқтаҳои партовҷамъкунии расмӣ надоранд. Сокинони деҳот, албатта, партовҳои ғизоии ҳосилшударо ба чорво медиҳанд, вале партовҳои полиэтилению сахти маиширо дар лаби соҳилу ҷойҳои ғайрирасмӣ мепартоянд.
Мақомоти иҷроия ва маҳаллии ноҳияи Файзобод вазифадоранд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумат дар маҳалли аҳолинишин нуқтаҳои партовҷамъкунии расмӣ бунёд намуда, механизми безараргардонию интиқоли онро ба партовхонаи ноҳия ё дигар партовхонаҳои расмӣ ба роҳ монанд.
Сокинони Тоҷикистон ифтихор аз он доранд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва инчунин солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд.


Ҳарчанд аз эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қариб 5 сол сипарӣ мегардад, вале маълум мешавад, ки масъулини ноҳияи Файзобод баҳри татбиқи ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат дар масъалаи обу ободонӣ коре анҷом надодаанд. Масъулини дахлдорро зарур аст, ки дар навбати аввал барои тозаю озода нигоҳ доштани шохобҳои дарёи Элок ва соҳилҳои он чораҷӯӣ намуда, нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ташкил кунанд ва ба ин восита ҳифзи муҳити зист, вазъи санитарию безараргардонии дарёҳои Элок ва Кофарниҳонро, ки сокинони поёноб аз он об менӯшанд, таъмин намоянд.
Тавре шоир мегӯяд:
Зи ҷӯйе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Нашояд фикандан дар он сангу хок.
Дар зер суратгузориш аз ҷои воқеа манзури хонандагон мегардад, зеро мегӯянд, ки «шунидан кай бувад монанди дидан».
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






